FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)
1.45K subscribers
7.74K photos
533 videos
165 links
🇹🇯 Официальный канал футбольного клуба «Равшан» Куляб
Download Telegram
🔝 Беҳтарин дарвозабони лигаи олии Тоҷикистон дар соли 2024 – Евгений Гритсенко  («Равшан»).

***

🔝 Лучший вратарь высшей лиги Таджикистана в сезоне-2024 – Евгений Гриценко («Равшан»).
👍49🏆2❤1🔥1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Кӯмакҳои идонаи роҳбарияти клуби футболи “Равшан” Кӯлоб ба кормандони варзишгоҳи “Кӯлоб-Арена”, кормандони хоҷагидорӣ ва қисмате аз ниёзмандону эҳтиёҷмандон дар арафаи Соли нави мелодӣ расонида шуд. Кӯмаки мазкур аз анвои хурока ва либосҳои замистона иборат мебошад. Соли нави мелодӣ ба кулли ҳамватанон муборак бошад!
❤13👍2💯1
Соли нави мелодӣ муборак!

Мухлисони азиз!

Даста ва роҳбарияти "Равшан" Кӯлоб Шуморо бо фарорасии Соли нави 2025 самимона табрик мегӯяд! Орзу дорем, ки ин сол барои ҳар яки Шумо пур аз саломатӣ, шодмонӣ ва комёбиҳо бошад.

Итминон дорем, ки бо дастгирии шумо мо метавонем ба ҳадафҳои бузург ноил шавем. Инак, барои соли 2025 нақшаҳои калон дорем ва аз Худованд умеди зиёд дорем, ки бо меҳнати якҷоя ва дастгирии шумо ба унвони чемпионӣ мерасем.

Бо эҳтиром,
Дастаи футболи "Равшан" Кӯлоб
❤15👍3🔥1
Равзанаи гузариши футболбозон аз 1-уми январ кушода шуда,  то 5-уми март
👍22💯2
РОҲБАРИЯТИ ФФТ ВА ЛФТ МУЛОҚОТИ КОРӢ БО РОҲБАРОНИ ДАСТАҲОИ ЛИГАИ ОЛӢ ВА ЛИГАИ ЯКУМ АНҶОМ ДОД

Имрӯз аввалин мулоқоти кории роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи кишвар бо роҳбарони дастаҳои Лигаи олӣ ва Лигаи якум вобаста ба масъалаҳои мубрами мавсими нави Лигаи футболи Тоҷикистон 2025 баргузор гардид.

Дар он ноибони президенти Федератсияи футболи кишвар Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода, инчунин директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев иштирок карданд.

Дар рафти мулоқот масъалаи омодагии дастаҳои Лигаи олӣ ва Лигаи якум ба мавсими нав, гузаштани дастаҳо аз марҳилаи литсензиякунонӣ, тағйиру иловаҳо дар талаботҳои молиявӣ нисбати дастаҳо ва бақайдгирии бозигарони хориҷӣ матраҳ гардид.

Қайд гардид, ки равзанаи гузаришҳои зимистона санаи 1-уми январ боз гардида, 5-уми март ду рӯз пеш аз аввалин бозии Лигаи олӣ-2025 баста мешавад. Равзанаи гузаришҳои тобистона бошад аз 1-уми июл то 28-уми июли соли ҷорӣ давом мекунад.

Барномаҳои рақамии CLAS (системаи маъмурии литсензиякунонии бошгоҳҳо) ва FIFA Connect (барномаи қайди гузаришҳо ва бозигарони нави даста) аллакай боз гардида, дастаҳо то муҳлати муқаррар шуда, бояд талаботҳои барномаҳои мазкурро иҷро намоянд.

Роҳбарияти Федератсия аз таҷрибаи мавсимҳои гузашта камбудиҳои дастаҳоро ишора карда, аз масъулини дар муҳлати кутоҳтарин бартараф кардани онҳоро вазифагузорӣ намуданд. Рӯз то рӯз тақозои футболи муосир меафзояд, барои ҳамин дастаҳои Тоҷикистон бояд ҳамқадами замон бошанд, то футболи дар кишвар рушд кунад.

Имсол низ озмуни “Мухлиси беҳтарини сол” роҳандозӣ мегардад. Роҳбарони фан-клубҳои дастаҳо даъват гардида, ба онҳо критерияҳои нави баргузории озмун фаҳмонда шуд. Дар қиёс ба соли гузашта маблағи ҷоизавии озмун афзоиш ёфт – аз 100 000 сомонӣ ба 150 000 сомонӣ.

Дар фарҷом миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, роҳбарони ФФТ ва ЛФТ ба суолҳои рӯзмара ҷавоб гардонданд. Инчунин ба дастаҳое, ки мавсими гузашта муваффақона аз марҳилаи литсензиякунонии КФО аз барномаи CLAS гузаштанд, сипосномаи Федератсияи футболи Тоҷикистон тақдим гардид.
👍6
Танзими филм бахшида ба ғалабаи таърихи "Равшан" дар ЛЧ Осиё фардо ба анҷом мерасад
Мухлисони Равшан"и Кӯлоб ва умум Мухлисони футбол рӯзи шанбе соати 21:30 филмро аз Варзиш ТВ мунтазир бошед.
👍17👏1
Имрӯз яке аз аъзоёни дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, Наврӯзҷон Ҷабборов, ки бо маҳорати хоссааш ҳамчун аксбардор (фотооператор) дар рушди даста саҳм мегузорад, ҷашни зодрӯз дорад. Наврӯзҷонро аз номи роҳбарият, ҳайати даста ва мухлисони сершумори “Равшан”-и Кӯлоб бо рӯзи мавлудаш самимона табрик мегӯем ва барояш саломатӣ, муваффақиятҳои бештар ва рӯзгори пурфайзу бобарор таманно дорем.
❤12😍5👍1
FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)
Photo
Вобаста аз ҳайати асосӣ ба ҳайати ҷавонон гузаронидани Бахтиёр Зарипов дар нимаи дуюми мавсими 2024 масъалаи бисёр доғе буд, ки дастаи "Равшан" намехост оид ба ин масъала дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё расонаҳои хабарӣ ҳарфе занад. Зеро обрӯи футболбоз, мардонагии ӯ ҳангоми гузариш ба дастаи "Равшан" дар аввали мавсим, барои мо арзиши хеле балнд дошта дар лаҳзаҳои муташаниҷ шудани муносибати ӯ ва ситоди мураббиён мо аз нашр намудани иттилоъ дар бораи ба майдон наомаданаш худдорӣ карда будем. Мо бо Бахтиёр Зарипов ҳатман дар тамос мешавем ва агар воқеан ин иттилоъ ро худӣ ӯ расонаӣ карда бошад ҳолати баамал омадаро пурра дар расонаҳо ифшо мекунем. Дар ҳоли ҳозир бошад мо бояд даққиқ кунем, ки оё худи ӯ ҳамин иттилоъро ба GOAL.TJ додааст ва ё дар арафаи гузариши футболбозон ҳиллаю найрангбозии ба ном шабакаҳои "футболдӯсти Тоҷикистон" маъракаи нави зидди "Равшан"-ро оғоз намудаанд.
Ягона ҷавоби мо дар ҳоли ҳозир ҳамин аст, ки ҳамон гунае, ки футболбоз дар вақти имзои шартнома пеши даста шартҳои худро мегузорад, ҳамин гуна дастаи низ дар ҳолати фаъолияти ғайриварзишӣ ва ё натиҷаи ғайриқаноатбахш аз футболбоз ҳаққи худро талаб мекунад. Албатта, ки бо ҳуҷҷату далел.
💯13👍1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
📽"Тӯшае аз Роҳ"
🗓12.01.2025
🕤21:30
📺 Тв Варзиш
👍17❤3
Яке аз аввалин футболбозони хориҷӣ Самуел Офорӣ, ки дар тӯли се сол дар дастаи "Равшан" ҳунарнамоӣ намуд, баъд аз анҷоми шартнома ба ҳайси футболбози озод ба дастаи маъруфи "КФ Зимбру" аз кишвари Молдова мепайвандад. Ташаккур Самуел, дарҳои дастаи "Равшан" ҳамеша барои Шумо боз аст!
👍31😭1
Ҳимоятгари канорӣ Сорбон Ғиёсов барои як соли дигар бо дастаи "Равшан" шартномаи ҳамкориро тамдид намуд!
🔥22👍2💯2
Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Масрур Қиёмиддинов соли сеюм аст, ки дар дастаи "Равшан" фаъолияташро идома медиҳад, футболбоз барои як соли дигар шартномаи ҳамкориро бо дастаи "Равшан" тамдид намуд!
🔥28👍5❤2
Ҷамшед Мақсумов ҳам як соли дигар дар дастаи "Равшан" фаъолияти футболбозиашро идома медиҳад. Ҷамшед Мақсумов баъди пурра шифо ёфтанаш ма машқу тамринҳои даста бармегардад.
🔥14👍7👏2