FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)
1.46K subscribers
7.74K photos
533 videos
165 links
🇹🇯 Официальный канал футбольного клуба «Равшан» Куляб
Download Telegram
ҲАМЛАВАР ҲАМИДУЛЛО АБДУҲАМИДОВ БА САФИ “РАВШАН” ПАЙВАСТ

“Равшан” шартномаи як сола бо ҳамлавари ӯзбек Ҳамидулло Абдуҳамидов ба имзо расонд.

Ҳудуди як моҳ Абдуҳамидов дар ҷамъомадҳои даста ва бозиҳои рафиқона иштирок карда, ситоди мураббиён ба қароре омаданд, ки шартнома пешниҳод кунанд.

Ҳамидулло 26-сола буда, мавсими гузашта дар “Эсхата” ҳунарнамоӣ карда буд. Бояд гуфт, ки футболбоз таҷрибаи калони майдондорӣ дар дастаҳои Суперлигаи Ӯзбекистон, ба монанди “Қӯқанд”, “Нефтчӣ” ва “Дӯстлик” дорад.

🇺🇿KHAMIDULLO, Xush kelibsiz!
👍9❤2
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Истиқболи Абдуллои Ориф-варзишгари тоҷик дар Кулоб, баъди пирузияш дар Tashkent Grand Slam 2026
👍20❤2
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Истиқболи Абдуллои Ориф-варзишгари тоҷик дар Кулоб, баъди пирузияш дар Tashkent Grand Slam 2026
❤14
МУАРРИФИИ ПЕРОҲАНҲОИ НАВИ ДАСТА БАРОИ МАВСИМ!

Аз рӯи анъана пероҳанҳои хонагӣ ранги сурх буда, сафарӣ ба ҷои ранги сафеди соли гузашта имсол кабуд интихоб гардид.
👍29❤4🔥2
ВОХЎРИ БО "РЕГАР-ТАДАЗ” ДАР ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗИИ ҶУМҲУРИЯВИ (ФРУНЗЕ) ДОИР МЕГАРДАД

Фардо, 6-уми март, мавсими нави Лигаи олӣ барои "Равшан" бо рақобат муқобили "Регар-ТадАЗ" оғоз меёбад.

Вохӯрӣ дар пойтахт дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ соати 16:00 доир мешавад.

Мо мухлисони ашадии дастаи "Равшан"-ро дар варзишгоҳ интизорем, чун нерӯбахшу ангезаи асосии мо онҳоянд
👍24❤15🔥4👎1💯1
Ҳайъати пурраи дастаи мо барои мавсими 2026
👍14❤5
ТРАНСФЕР ДАР ОХИРИН ДАҚИҚАҲОИ РАВЗАНА - ФАТҲУЛЛО ОЛИМЗОДА БА "РАВШАН" БАРГАШТ!

Ниммуҳофизатгари ҳуҷумкори дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Фатҳулло Олимзода ба сафи "Равшан" ба муҳлати як сол пайваст.

Фатҳулло қаблан ҳам дар "Равшан" соли 2023 ҳунарнамоӣ карда буд. Пас он дар «Атирау»-и Қазоқистон ва "Арсенал" Дзержински Беларус майдондорӣ кардааст.

Барои мавсим Фатҳулло рақами "30-ро" интихоб намуд.
👍28🔥6❤4
АВТОБУСИ РОЙГОН БАРОИ БОЗИИ САФАРӢ БА ШАҲРИ ДУШАНБЕ!
барои тамошои бозии даври аввали Чемпионати Тоҷикистон-2026 миёни дастаҳои “Регар-Тадаз” ва “Равшан”-и Кӯлоб автобуси ройгон ҷудо карда шуд.
Сана: 6-уми март 2026
Макони ҷамъшавӣ: Назди варзишгоҳи Кӯлоб-Арена.
Вақти сафар: Соати 09:00
👍26❤2🔥2
Рӯз ба хайр! Зидди "Регар-ТадАЗ” бо пероҳанҳои кабуд ба майдон меброем

Ҳамаро соати 16:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ интизорем
❤13👍4
📝🇹🇯 Ҳайати дастаи «Равшан»-и Кӯлоб барои мавсими 2026:

🧤 Дарвозабонҳо:
1. Ҳусниддини Маҳмадалӣ
25. Андрей Чекотун (🇺🇦 Украина)
55. Саидҷон Шарифзода

🛡 Ҳимоятгарон:
2. Саидисроил Саидов
4. Алишер Холмуродов
5. Алексей Фирсов (🇧🇾 Беларус)
19. Миқдод Розиқов
44. Меҳрубон Каримов
88. Сайёди Ковусшо
94. Чуквуэбука Окоронкво (🇳🇬 Нигерия)

🎯 Нимҳимоятгарон:
8. Милош Милованович (🇷🇸 Сербия)
10. Муродали Ақназаров
14. Диёрбек Шавқиев (🇺🇿 Ӯзбекистон)
17. Ҷамшед Махсумов
18. Руслан Хайлоев
20. Меҳрубон Ҳамидов
30. Фатҳулло Олимзода
63. Муҳаммадшарифи Саидхоҷа
70. Кабир Салимшоев
77. Алишер Раҳимов

⚽️ Ҳамлагарон:
7. Муҳаммадалӣ Азизбоев
9. Ҳамидулло Абдуҳамидов (🇺🇿 Ӯзбекистон)
11. Ориёнмеҳр Холиқзода

🧍‍♂️ Сармураббӣ – Дмитрий Черишев (🇷🇺 Русия).
❤6👍3🔥1👏1
Ҳайати аввалияи мо ба бозӣ зидди «Регар-ТадАЗ»
👍20
Равшан мавсимро бо мусови оғоз намуд

Регар-ТадАЗ 0-0 Равшан"и Кӯлоб
Лигаи олӣ Даври 1-ум

Беҳтарин бозигари вохурии Сайёди Ковусшо.
👍12👎1
Суратгузориш аз рафти бози Равшан ва Регар-ТадАЗ
👍12