FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)
1.46K subscribers
7.74K photos
533 videos
165 links
🇹🇯 Официальный канал футбольного клуба «Равшан» Куляб
Download Telegram
🇹🇯🏆 19 МАЙ МАРОСИМИ ҚУРЪАКАШИИ МАРҲИЛАИ АСОСИИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2026 БАРГУЗОР МЕШАВАД

✅ 19 май дар студияи телевизиони «Душанбе» маросими қуръакашии Ҷоми Тоҷикистон-2026 баргузор мешавад. Аз рӯи натиҷаи он 16 даста рақибони худро дар марҳилаи 1/8-ниҳоӣ муайян мекунанд.

🔺 Барои ба даст овардани ҷоми фахрӣ 12 бошгоҳи лигаи олӣ ва 4 дастаи лигаи якум муборизаро оғоз мекунанд.

🔹 Қобили зикр аст, ки дар мавсими имсола ҳамаи марҳилаҳои Ҷоми Тоҷикистон, аз даври 1/8-ниҳоӣ сар карда, аз ду бозӣ иборат хоҳанд буд. Финали мусобиқот дар варзишгоҳи «Вахш»-и шаҳри Бохтар баргузор мешавад.
👍3
🏆 Маросими қуръакашии марҳилаи асосии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2026 доир шуд
Равшан"и Кӯлоб дар Ҷоми Тоҷикистон бо Ҳосилот Фархор рақобат мекунад
👍13😨3❤1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🏆Ҷоми Тоҷикистон-2026

"Равшан" -  "Ҳосилот"
👍13
🏆 Чемпионати Тоҷикистон-2026

🇹🇯 Лигаи олӣ. Даври 10|

📅 22 май | ⏰ 18:30

«Равшан» 🆚 «Сардор»

🏟 Варзишгоҳи Кӯлоб-Арена
👍14❤4👎1
FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)
Photo
КЎЛОБ. ТАҶЛИЛИ РЎЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ

Имрӯз, 21 май, дар варзишгоҳи «Кӯлоб-Арена»-и шаҳри Кӯлоб ба истиқболи Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ пазируфта шудааст, чорабинии бошукӯҳи варзишию фарҳангӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода, муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов, раиси шаҳри Кӯлоб Диловар Пирзода, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Насриддинзода Рамазон, роҳбарони ташкилоту идораҳои шаҳр ва минтақаи Кӯлоб ширкат варзиданд.

Дар чорабинӣ иброз гардид, ки таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол барои халқи тоҷик мояи ифтихор мебошад, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори эълон гардидани 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад. Таъкид шуд, ки ин иқдоми муҳим на танҳо дастоварди арзишманд дар соҳаи варзиш, балки далели равшани саҳми Тоҷикистон дар рушди варзиши ҷаҳонӣ, таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамгироии байни миллатҳо маҳсуб меёбад.

Чорабинӣ бо барномаҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ бо доираи васеи кӯдакону наврасон ва ҷавонони шаҳри Кӯлоб роҳандозӣ шуда, ҳамзамон, шумораи зиёди меҳмонон ва ҳаводорони футболро ба ҳам овард.
Дар фестивали мазкур беш аз 200 нафар наврасон аз ҷониби масъулони чорабинӣ бо лавозимот ва сару либоси варзишӣ таъмин гардида, баҳри ҳозирин барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон пешкаш гардид.

Дар ин росто аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Кӯлоб, клуби футболи "Равшан" ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб ба иштирокдорон обҳои ташнагишикан ва яхмосҳо тақдим карда шуд.

Рӯзи ҷаҳонии футбол бо баргузории чорабиниҳои варзишиву фарҳангӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб таҷлил карда мешавад.
❤4👍2