FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)
1.44K subscribers
7.74K photos
533 videos
166 links
🇹🇯 Официальный канал футбольного клуба «Равшан» Куляб
Download Telegram
БОЗИ БА АНҶОМ РАСИД!
👍55🏆8❤3👏1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Шарҳи бозии Хуҷанд ва Равшан дар Ҷоми Тоҷикистон-2024 дар даври 1/2
“Хуҷанд” 1:1 “Равшан”
👍16👏3
⚡«Равшан» 🇹🇯 дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои 2-и Осиё бо тими «Ал-Вақра» 🇶🇦  дар хона майдондорӣ мекунад.
Вохӯрии дастаҳо рӯзи 2-юми октябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад 🏟️   Чиптаҳоро метавонед аз хазинаи назди варзишгоҳ дастрас намоед.
👍39🔥2❤1🆒1
БА «РАВШАН» ВА «ИСТИҚЛОЛ» ДАР ДАВРИ ДУЮМИ ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ-2 МУВАФФАҚИЯТ МЕХОҲЕМ!!!

Дар доираи даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои КФО-2 дастаҳои мо “Равшан” муқобили “Ал-Вақра”-и Қатар ва “Истиқлол” зидди “Сипоҳон”-и Эрон рақобат мекунанд.

Бозии “Равшан” - “Ал-Вақра” дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар Душанбе рӯзи 2-юми октябр ва бозии “Сипоҳон” - “Истиқлол” дар шаҳри Исфаҳон рӯзи якуми октябр баргузор мегарданд.

Ба бошгоҳҳои кишварамон муваффақият ва пирӯзӣ дар ин бозиҳо таманно менамоем!!!
❤23👍10🔥3
«РАВШАН» – «АЛ-ВАКРА»: 1 ОКТЯБР ДАР ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗИИ ДУШАНБЕ НИШАСТИ МАТБУОТИИ ПЕШ АЗ БОЗӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

Ба таваҷҷуҳи намояндагони ВАО! 1 октябр дар остонаи бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми КФО-2024/25 байни бошгоҳҳои «Равшан» (Тоҷикистон) ва «Ал-Вакра» (Қатар) нишасти хабарӣ баргузор мешавад. Чорабинӣ дар маҷлисгоҳи Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гашта, соати 16:50 оғоз мешавад.

Ба саволҳои рӯзноманигорон сармураббиёнии дастаҳои «Равшан» ва «Ал-Вакра» – Масъуд Назарзода ва Мигел Анхел Рамирес Медина, инчунин як бозигарӣ аз ҳарду даста посух хоҳанд дод.

Таъкид медорем, ки намояндагони ВАО бояд бо худ бейҷҳои аккредитатсионӣ дошта бошанд, ки қаблан онро барои инъикоси бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2024/25 гирифта буданд.
👍11❤3🔥2
ДАСТАИ «АЛ-ВАҚРА» БА ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН ОМАД!
ДАСТАИ «АЛ-ВАҚРА»-И ҚАТАР БАРОИ АНҶОМ ДОДАНИ БОЗИИ ДАВРИ ДУЮМИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲИИ ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ-2024/25 БА ТОҶИКИСТОН ВОРИД ШУД!
Дар фурудгоҳи пойтахт, меҳмононро намояндагони клуби футболи «Равшан» ва Федератсияи футболи кишвар пешвоз гирифтанд.
Фардо рақиби «Равшан» тамрини пеш аз бозиро дар варзишгоҳи марказӣ анҷом медиҳад.
👏16👍6