НАМОЯНДАГОНИ ВАСОИТИ АХБОРИ ОММАРО БА НИШАСТИ ХАБАРӢ ДАЪВАТ МЕКУНЕМ!
САНАИ 22-ЮМИ ОКТЯБР ПЕШ АЗ БОЗИИ ДАВРИ СЕЮМИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲИИ ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲОИ ОСИЁ-2024/25 БО ИШТИРОКИ ДАСТАҲОИ «РАВШАН»-И ТОҶИКИСТОН ВА «ТРАКТОР»-И ЭРОН НИШАСТИ ХАБАРӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД.
Нишасти хабарӣ дар маҷлисгоҳи Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 10:00 оғоз мегардад.
Ба саволҳои рӯзноманигорон сармураббиҳои дастаҳо ва як нафари аз бозингарон ҷавоб медиҳанд.

👍14❤2
«РАВШАН» - «ТРАКТОР»: ҶАЛАСАИ ПЕШ АЗ БОЗӢ ДОИР ГАРДИД.
ИМРӮЗ, 22 СЕНТЯБР, ДАР МЕҲМОНХОНАИ «РУМӢ» ҶАЛАСАИ ПЕШ АЗ БОЗӢ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ТАШКИЛИИ ДАВРИ 3-ЮМИ МАРҲИЛАИ ГУРУҲИИ ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲОИ ОСИЁ-2 МИЁНИ ДАСТАҲОИ «РАВШАН» ВА «ТРАКТОР» БАРГУЗОР ГАРДИД.
Дар ҷаласа бо иштироки комиссари бозӣ, нозири доварон, кормандони Конфедератсияи футболи Осиё, масъулони бехатарӣ, намояндагони «Равшан» ва «Трактор» масъалаҳои ташкилӣ баррасӣ шуд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои ташкилии вохӯрии дарпешистода баррасӣ гардида, ранги либоси дастаҳо тасдиқ карда шуд. Дар даври сеюми Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 футболбозони «Равшан» бо либоси кабуд, дарвозабон зард ва «Трактор» бо либоси сурх дарвозабон сиёҳ бозӣ хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки бозии даври сеюми Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 миёни дастаҳои «Равшан» ва «Трактор» рӯзи 23-юми октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 19:00 ба вақти Душанбе.

👍15