FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)
1.45K subscribers
7.74K photos
533 videos
165 links
🇹🇯 Официальный канал футбольного клуба «Равшан» Куляб
Download Telegram
🇹🇯 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

Дар ин рӯзи таърихӣ ба кишварамон сулҳу оромӣ, шукуфоӣ ва озодиро таманно дорем!
❤9
Дастаи Равшан ба варзишгоҳ ҳозир шуд!
👍7❤2💯2
⚡БОЗӢ БА АНҶОМ РАСИД!
😭26👎12👏5👍2😨1
🎉ЗОДРӮЗ  МУБОРАК, КОЙО МАТИЧ

ИМРӮЗ  ҲАМЛАВАРИ  “РАВШАН" КОЙО МАТИЧ ЗОДРӮЗАШРО ҶАШН МЕГИРАД.

Клуби футболи «РАВШАН» КОЙОРО бо зодрӯзаш самимона табрик намуда ба ӯ бозиҳои бошукӯҳ, неруъи қавӣ, хушбахтӣ  ва саломатии бардавомро орзу менамояд!
👍3👏2❤1
FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)
Photo
ИЗҲОРОТИ ДАСТАИ “РАВШАН” БАЪДИ БОХТ ДАР ЛИГАИИ ЧЕМПИОНҲО!
Пеш аз оғози сухан аввалан аз тамоми мухлисони дастаи “Равшан” ва дигар мухлисони футболи тоҷик аз номи роҳбарият, ситоди мураббиён ва кулли футболбозони даста узрхоҳӣ мекунем, ки умеду ормонҳои шуморо дар ин бозии сафарӣ бароварда карда натавонистем ва бо ҳисоби калон ба бохт рӯ ба рӯ шудем.  Новобаста аз бозии начандон хуби дастаи “Равшан” дар ин давр, мо дар бозиҳои гузашта натанҳо барои мусовӣ балки барои бурд низ наздик будем. Аммо ин навбат кори мо омад накард ва мо дар ростои яке аз дастаҳои қавии Осиё ба мағлубият бо ҳисоби калон дучор шудем.
Аслан бохт бо ҳисоби бузург дар ягон вақт ҷои баҳонаҷӯӣ ва шикваю гиламандӣ надорад, чун ҳеҷ даста ва ҳеҷ футболбоз намехоҳад, ки бо чунин ҳисоб мағлуб шавад. Вале чун мухлисон ва асосан он мухлисоне, ки бо тамоми вуҷудашон дар бурду бохт бо мо ҳастанд аз ин бозӣ изҳори нигаронӣ карда чандин суолҳои баҷову мантиқӣ ба мо пешниҳод карданд,  мо низ худро вазифадор донистем, ки ба онҳо ҷавоб гуем. 
Шояд, ки мо тавони ҷавоб додану дили онҳоро ором карданро надошта бошем вале вобаста ба вақт, макон, сафарбаршавӣ ва дигар корҳои ташкилии ин бозӣ мо бояд равшанӣ андозем.
Хуб дӯстон! Ба ҳама маълум, ки бо сабабҳои субективию обективӣ вақти бозӣ ва макони баргузории бозии хонагӣ бо дастаи пурқуввати “Трактор”-и ҶИ Эрон иваз шуд. Вақте, ки мо аз лағви бозӣ огоҳӣ пайдо кардем ва иттилоъ дарёфтем, ки бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳо дар кишвари ба мо дӯсту бародар ҶИ Эрон манъ шудаанд, дарҳол мо омодагии худро барои қабули бозии хонагии дастаи “Трактор” бо дастаи “Равшан”-ро дар Тоҷикистон пешниҳод кардем. Масъулини дастаи “Трактор” пешниҳоди моро мавриди баррасӣ қарор доданд ва гуфтанд, ки баъди бозии аввал хулосаашонро пешниҳод мекунанд. Аммо баъди бозии аввал онҳо пешниҳоди моро напазируфтанд ва хоҳиши иваз намудани майдон карданд, ки ин кор ҳақи ҳалолашон аст. Бо дастгирии ФФТ мо омода будем, ки ин бозиро дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор намоем, аммо ин пешниҳод низ рад гардида ба мо итилоъ доданд, ки шояд ин бозӣ дар шаҳри Дубайи АМА баргузор шавад.
Чун вақт барои ин бозӣ хеле кам монда буд ва сафарбар намудани ҳайти анқариб 40-нафараи даста ба як кишвари дигар заҳмату талошҳои зиёдро талаб мекард мо дарҳол барои сафар ба кишвари АМА омодагиро оғоз кардем. Дар ин маврид гап танҳо сари маблағгузорӣ намеравад, чун бисёри корҳое ҳаст, ки аз мо ва масъулини дастаи мо вобастагӣ надоранд. Бо назардошти ин ҳама масъулони даста алакай бо сафорати АМА муроҷиат карда корҳои ҳуҷҷатгузорӣ барои дарёфти раводид ва дигар мушкилоти сафарбарии дастаро оғоз карданд.
Ҳамагӣ як ҳафта ва ё даҳ рӯз ба бозӣ мондан ба мо иттилоъ доданд, ки макони баргузории бозӣ шаҳри Давҳаи давлати Қатар интихоб шудааст. Дар ин маврид корҳои лагистикӣ яъне сафарбарии якҷояи даста ба як давлати дигар, ки онҳам тавассути давлати дуюму сеюм бароҳ монда мешавад кори моро бениҳоят душвор кард.     
Ташкили хатсайри чартерӣ бошад дар чунин муддати кӯтоҳ маблағи хеле гаронро ташкил медиҳад, ки мо чун рақибонамон тавони пардохти чунин маблағро надорем ва ҳам ба хотири фаъолияти дарозмуддати даста, мо сарпарастонро низ огоҳ кардем, ки даста зарурати харҷи чунин маблағ ва онҳам ба давлати Қатарро надорад.
Мо дар ин маврид бозҳам миннатдории худро ба сарпарастони даста мерасонем, ки дар чунин вазъияти вазнин ва кӯтоҳ онҳо тавонистанд, ки ба мо тариқи давлатҳои дуюму сеюм чиптаҳои ҳавопаймо дастрас намуда ҳайати даста ва ситоди мураббиёнро ба ин бозӣ сафарбар созанд. Онҳе, ки пайваста ба ин кор машғул ҳастанд медонанд, ки сафари дастаҷамъии иборат аз 30-40 нафар дар муддати кутоҳ ба як давлати дигар чандон кори саҳлу содда нест ва ин мушкилӣ дар ин бозӣ думболагири тамоми аъзоёни даста буд.
Дар саҳифаи “Ҷаҳони футболи тоҷик” низ ин масъала дар яке аз матлабҳояшон дарҷ шуда онҳо аз ин сафарбаршавии дастаи “Равшан” тариқи кишварҳои дуюму сеюм ва вақти зиёд дар сафар қарор доштани футболбозон изҳори нигаронӣ карда буданд.
👎15💯9👍3👏1
FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)
ИЗҲОРОТИ ДАСТАИ “РАВШАН” БАЪДИ БОХТ ДАР ЛИГАИИ ЧЕМПИОНҲО! Пеш аз оғози сухан аввалан аз тамоми мухлисони дастаи “Равшан” ва дигар мухлисони футболи тоҷик аз номи роҳбарият, ситоди мураббиён ва кулли футболбозони даста узрхоҳӣ мекунем, ки умеду ормонҳои шуморо…
Воқеан дастаи “Равшан” алакай аз санаи 2-юми ноябр ба роҳ баромада субҳи 5-уми ноябр ба шаҳри Давҳаи Қатр расид ва худи ҳамин бегоҳ боз машқу тамрини расмии худро баргузор кард. Ногуфта намонад, ки баргаштани даста низ ба хона баъди бозӣ боз ду рӯзи дигар ва барои баъзе аз хориҷиёни мо то се рӯзро дар бар мегирад.
Бо сабабҳои логистикии сафарбарӣ дар ин бозӣ ҳатто чандтан аз футболбозон ва дигар кормандони даста низ аз сафар худдорӣ кардан чун расидан ба шаҳри Давҳа бояд тариқи кишвари чорум анҷом дода мешуд.
Мо ба саҳми мухлисон ва ҳаводорони даста мерасонем, ки то ба ҳол роҳбарияти даста ва ситоди мураббиён бо ягон нафар аз футболбозони даста дар ҳолати низоъ ва ё ягон нофаҳмӣ қарор надоранд ва ҳамаи он футболбозоне, ки дар ин нимаи мавсим дар ихтиёри даста қарор доранд пурра омода буданд, ки майдондорӣ карда ба даста кумак расонанд. Маоши футболбозон низ пеш аз сафар то моҳи октябр пурра пардохт гардида дар ҳолати зарурӣ ба онҳо маблағҳои мукофотпулӣ ва авансӣ низ пардохт карда мешавад. Яъне миёни футболбозон ситоди мураббиён, сарпарастон ва роҳбарияти даста ягон мушкилӣ ва нофаҳмогӣ пеш наомадааст.
Мо ба бачаҳо ба футболбозону ситоди мураббиён миннатдории худро баён мекунем, ки дар чунин ҳолати мушкили пешомада онҳо заррае ҳам изҳори нигарони накарда вақтро ғанимат донистанд ва бе ягон дудилагӣ ба ин бозӣ сафарбар шуданд.
Ба ҳар сурат баромади дастаи мо дар Лигаи қаҳрамонҳо барои футболбозони ҷавони тоҷикистонӣ касби маҳорат дар майдонҳои байналмилалӣ мемонад ва ин ҳама заҳмату талошҳои мо ҳаргиз бенатиҷа нахоҳанд монд.
Мо ба кули мухлисон муроҷиат карда изҳор медорем, ки дар ин лаҳзаҳои хеле мушкил ва ҳассос пеш аз ҳама футболбозон, ситоди мураббиён ва роҳбарияти дастаро дастгирӣ намоянд ва ҳолати ғайричашмдошти пешомадаро дарк намоянд.
Шумо метавонед, ки ба гуфтаҳои мо розӣ набошед ва дар ин бохт нигоҳи худро дошта бошед. Вале хоҳиш, ки дар ин кор ҳаргиз футболбозон ва ситоди мураббиёнро гунаҳкор надонед, зеро онҳо ҳамеша барои ғолибият ба майдон мебароянд. Хулоса: дар айни ҳол дастаи “Равшан” ба мисли баъзе аз дастаҳои пурқуввати Осиёӣ тавонӣ харидории ҳавопаймо ва дар ҳолати дилхоҳ азми сафар кардан ба давлатҳои дуру наздикро тавассути тайёраи худӣ надорад. Ҳарчи, ки дар имконияти мо буд мо аз он истифода кардем. Аммо изҳор медорем, ки ин вазъият ислоҳшавандааст ва мо вобаста ба қуввату тавоноӣ ҳатман паи ислоҳи камбудиҳо мешавем ва дили шуморо мухлисони гиромӣ бо бозиҳои хубу муҷалло шод менамоем.
Бо умеди пирӯзиҳо дар мадйонҳои футболӣ!!!

МАЪМУРИЯТИ КЛУБИ ФУТБОЛИ “РАВШАН”-И КӮЛОБ
👎26💯12👍7❤4👏1
❗Вобаста ба хабари ба садама дучор шудани яке аз мошинҳои дастаи “Равшан” ҳангоми бозгашт аз бозии сафарӣ ҳаминро иброз медорем, ки аз 5 нафаре  ки дар мошин қарор доштанд, 4 нафарашон ҳолаташон хуб арзёбӣ шуда алакай ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд. Танҳо як нафар Ҷамшед Мақсумов зери назорати табибон дар беморхона қарор дорад. Маълумоти муфассал баъдтар нашр мешавад.
😢39😭2😨1
🇹🇯Рӯзи милитсияи тоҷик муборак!
❤13
ҲАМДАРДӢ БАЁН МЕКУНЕМ 

Ҳайати кормандон ва мухлисони  дастаи "РАВШАН" аз даргузашти ПАДАРИ ноиби якуми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо андуҳгин буда, ба пайвандону наздикони марҳум ҳамдардӣ баён менамоянд.
😢10👍1😭1