FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)
1.46K subscribers
7.74K photos
533 videos
165 links
🇹🇯 Официальный канал футбольного клуба «Равшан» Куляб
Download Telegram
Суратгузориш аз рафти бози Истиқлол ва Равшан
👍6👏1
🥉 «РАВШАН» - БАРАНДАИ НИШОНҲОИ БИРИНҶИИ ЛИГАИ ОЛӢ-2024!

Даста бори чорум дар таърихи худ зинаи сеюмро дар Чемпионати Тоҷикистон ишғол намуд.
👍31❤1
FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)
Photo
РУСТАМ ЭМОМАЛӢ ДИГАРБОРА ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН ИНТИХОБ ШУД

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муҳлати чор соли дигар президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд.

Имрӯз, 14 декабр дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» Конгресси ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид.

Рустам Эмомалӣ бори чаҳорум – то соли 2028 ба мансаби раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд.

Хуршед Мирзо ноиби якуми президенти ФФТ интихоб гардид. Алишер Урунов, Сайвалӣ Дониёрзода ва Искандар Ҷалилов ноибони президенти Федератсияи футболи кишвар интихоб шуданд.

Илова бар ин, дар Конгресс ҳайати нави кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд. Ба ҳайати Кумитаи иҷроияи ФФТ ба ҷуз аз президент ва чаҳор муовини ӯ инчунин Шоҳрух Саидзода, Зулфиқор Гулаҳмадзода, Раҷаббой Аҳмадзода, Давлаталӣ Саид, Аҳтам Абдуллозода, Дилшод Ҷӯразода, Фарҳод Расулзода, Нурҷахон Исмоилзода, Зайнулло Шарифзода, Лутфия Абдулхолиқзода, Ҳусейн Халилзода ва Фарҳод Мирзоев шомил гардиданд.

Дар Конгресси ФФТ ҳамчунин гузориш дар бораи фаъолияти молиявии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2023, буҷаи созмон барои соли 2025, гузориши аудитори мустақил дар бораи фаъолияти молиявию иқтисодии Федератсияи футболи кишвар дар соли 2023 ба тасвиб расид ва инчунин аудитори мустақили фаъолияти молиявию иқтисодии ФФТ барои солҳои 2025-2026 таъйин карда шуд.

Дар кори Конгресси Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе намояндагони Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ва Конфедератсияи футболи Осиё ширкат карданд.

⚽️ ⚽️ ⚽️

РУСТАМ ЭМОМАЛИ ПЕРЕИЗБРАН ПРЕЗИДЕНТОМ ФЕДЕРАЦИИ ФУТБОЛА ТАДЖИКИСТАНА

Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустам Эмомали переизбран президентом Федерации футбола Таджикистана на новый четырехлетний срок.

Отчетно-выборный Конгресс Федерации футбола Таджикистана прошел сегодня, 14 декабря, в гостинице «Хаятт Ридженси Душанбе».

Рустам Эмомали был переизбран на пост главы Федерации футбола Таджикистана на четвертый срок – до 2028 года.

Первым вице-президентом ФФТ избран Хуршед Мирзо. Другими вице-президентами Федерации футбола страны были избраны Алишер Урунов, Сайвали Дониёрзода и Искандар Джалилов.

Кроме того, на Конгрессе был выбран новый состав Исполнительного комитета Федерации футбола Таджикистана. В состав Исполкома ФФТ, помимо президента и четырех его заместителей, вошли Шохрух Саидзода, Зулфикор Гулахмадзода, Раджаббой Ахмадзода, Давлатали Саид, Ахтам Абдуллозода, Дилшод Джуразода, Фарход Расулзода, Нурджахон Исмоилзода, Зайнулло Шарифзода, Лутфия Абдулхоликзода, Хусейн Халилзода и Фарход Мирзоев.

На Конгрессе ФФТ также был утвержден отчет о финансовой деятельности Федерации футбола Таджикистана за 2023 год, бюджет организации на 2025 год, отчет независимого аудитора о финансово-хозяйственной деятельности Федерации футбола страны за 2023 год, а также назначен независимый аудитор финансово-хозяйственной деятельности ФФТ на 2025-2026 годы.

В работе Конгресса Федерации футбола Таджикистана в Душанбе приняли участие представители Международной федерации футбольных Ассоциаций (ФИФА) и Азиатской футбольной Конфедерации
👍7
🎖️Маросими ҷоизасупории Лигаи футболи Тоҷикистон-2024 рӯзи 26-уми декабр баргузор мегардад.

Дар он исми беҳтарин бозигари сол ва ғолибони дигар номинатсияҳо эълон мешаванд.
👍8❤1👏1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Анҷумани ҳаводорони "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб таҳти унвони "Шерони Кӯлоб"  дар озмуни "Беҳтарин мухлиси сол-2024" мақоми ифтихории дуюмро соҳиб шуда маблағи 25-ҳазор сомонӣ ба даст оварданд. Мухлисони мо маблағи мазкурро чи гуна сарф карда истодаанд, ҳисоботи бачаҳо аз харҷи як қисмати маблағибадаст омада.
❤21👍18👏2🏆1
Менеджери бошгоҳи футболи "Равшани Кӯлоб" Меҳровари Кишвар ҷашни зодрузӣ дорад!
Футболбозон, ситоди мураббиён ва кормандони даста ба он кас аз самими қалб саломатӣ умри дароз, ва дар корҳояшон барору муввафаққият орзу мекунанд!
Зодруз Муборак Меҳроварҷон!!!
👍20❤3👏3💯1
Зодрӯз муборак, муҳтарам Рустами Эмомалӣ

Роҳбарияти бошгоҳи футболи Равшан"и Кӯлоб ситоди мураббиён ва футболбозон раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон  муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати зодрӯзашон табрик менамоянд!

Ба Шумо  дар ин рӯзи фараҳ саломатии бардавом, хушбахтӣ, некӯаҳволӣ  ва дар рушду пешрафти футболи кишвар муваффақиятҳои навро таманно дорем!
❤11👍5👌1
ДМИТРИЙ ЧЕРИШЕВ БА ҲАЙСИ САРМУРАББИИ ДАСТАИ “РАВШАН” ТАЪИН ШУД.
Имрӯз Президенти Клуби футболи “Равшан” Кӯлоб Зафар Соҳибназар дар меҳмонхонаи “Ритс-Карлтон”-и шаҳри Москав бо мураббии шинохта Дмитрий Черишев гуфтушнид намуда барои фаъолияти якҷоя дар мавсими нави 2025 ба мувофиқа расида шартномаи ҳамкориро ба имзо расониданд.
Интизор меравад, ки мутахассиси рустабор Дмитрий Черишев рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон омада машқу тарминҳои дастаҷамъонаро дар шаҳри Душанбе ва яке аз давлатҳои хориҷи кишвар баргузор менамояд.
Ситоди мураббиёни Дмитрий Черишев дар давраи танаффуси футболбозон муайян карда мешавад ва баробари шурӯъ ба машқу тамринҳо дар аввали моҳи январ чанд тан аз футболбозони ботаҷриба бо даъвати ин мутахассис ба даста шомил хоҳад шуд.

ДМИТРИЙ ЧЕРЫШЕВ НАЗНАЧЕН ГЛАВНЫМ ТРЕНЕРОМ КОМАНДЫ «РАВШАН»!
Сегодня Президент футбольного клуба «Равшан»-Куляб Зафар Сахибназар встретился с известным тренером Дмитрием Черышевым в отеле «Ритц-Карлтон» в Москве и подписал соглашение о сотрудничестве для совместной деятельности с нового сезона.
Ожидается, что российский специалист Дмитрий Черышев в ближайшие дни приедет в Таджикистан и проведет командные тренировки в Душанбе и за границе.
Тренерский состав Дмитрия Черышева будет определен во время перерыва футболистов и в начале января начнутся тренировки, к команде по приглашению этого специалиста присоединятся опытные футболисты.

Фаъолияти мураббигии Д. Черишев.
Тренерская карьера Д. Черышева.

2003 Аранхуэс
2006—2010 Реал Мадрид Дастаи кӯдакона
2010—2011   Сибир Директори варзишӣ
2011—2012   Волга (НН)
2013—2014   Зенит-м
2014—2015   Иртиш (Павлодар)
2015—2016   Севиля мураббӣ
2016 Мордовия
2018—2019 Нижний Новгород
2022—2023   Санта-Колома
2024 Шинник
👍27❤4🔥2
МУТАХАССИСИ ВАТАНӢ ЗОИР БОБОЕВ БА ҲАЙСИ ДИРЕКТОРИ ТЕХНИКӢ ДАР ДАСТАИ “РАВШАН”-И КӮЛОБ ФАЪОЛИЯТ МЕКУНАД. 
Зоир Бобоев дар гузашта ду маротиба ба ҳайси сармураббӣ солҳои 1998-1999 ва 2002-2003 дар дастаи “Равшан”-и Кӯлоб фаъолият намуда ба гирифтани медалҳои биринҷӣ шарафёб шудааст. 
Ҳамзамон ӯ дар дастаҳои “Сарҳадчӣ”-и ҳозира ноҳияи Ҳамадонӣ, “Ҳосилот”-и Фархор ва дигар дастаҳои ватанӣ фаъолияти мураббигӣ намудааст. 
Зоир Бобоев ба ҳайси сармураббии дастаи “Ситора”-и шаҳри Душанбе ду маротиба унвони қаҳрамониро дар Чемпионати Тоҷикистон ба даст овардааст. 
Зоир Бобоев ҳамзамон солҳои 1997 то соли 2000 ва аз соли 2003-2004 дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба ҳайси сармураббӣ кору фаъолият намуда ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст.
Зоир Нуралиевич ҳамзамон дар аз соли 2008-2009 дар дастаи наврасон ва солҳои 2010-2011 мунтахаби ҷавонони кишварро ба ҳайси сармураббӣ ба қисмати ниҳоии Ҷоми Осиё баровардааст.
Соли 2013 то соли 2022 Зоир Бобоев дар дастаҳои водии Краснодари Федератсияи Россия  аз ҷумла дастаи “Кубан” фаъолияти мураббигии худро давом додааст. 
Баъди бозгашт ба Тоҷикистон Зоир Бобоев таи як соли охир дар бо фармони Президенти ФФТ аъзои кумитаи махсуси Федератсия ва таҳлилгари ТВ “Варзиш” фаъолият кардаст.
Зоир Бобоев ба ҳайси директори техникии дастаи “Равшан”-и Кӯлоб барои мукаммал гардонидани ҳайати асосӣ ва ҷавонони даста кӯмак хоҳад кард.
👍44👏3❤2
🔝 Беҳтарин дарвозабони лигаи олии Тоҷикистон дар соли 2024 – Евгений Гритсенко  («Равшан»).

***

🔝 Лучший вратарь высшей лиги Таджикистана в сезоне-2024 – Евгений Гриценко («Равшан»).
👍49🏆2❤1🔥1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Кӯмакҳои идонаи роҳбарияти клуби футболи “Равшан” Кӯлоб ба кормандони варзишгоҳи “Кӯлоб-Арена”, кормандони хоҷагидорӣ ва қисмате аз ниёзмандону эҳтиёҷмандон дар арафаи Соли нави мелодӣ расонида шуд. Кӯмаки мазкур аз анвои хурока ва либосҳои замистона иборат мебошад. Соли нави мелодӣ ба кулли ҳамватанон муборак бошад!
❤13👍2💯1
Соли нави мелодӣ муборак!

Мухлисони азиз!

Даста ва роҳбарияти "Равшан" Кӯлоб Шуморо бо фарорасии Соли нави 2025 самимона табрик мегӯяд! Орзу дорем, ки ин сол барои ҳар яки Шумо пур аз саломатӣ, шодмонӣ ва комёбиҳо бошад.

Итминон дорем, ки бо дастгирии шумо мо метавонем ба ҳадафҳои бузург ноил шавем. Инак, барои соли 2025 нақшаҳои калон дорем ва аз Худованд умеди зиёд дорем, ки бо меҳнати якҷоя ва дастгирии шумо ба унвони чемпионӣ мерасем.

Бо эҳтиром,
Дастаи футболи "Равшан" Кӯлоб
❤15👍3🔥1
Равзанаи гузариши футболбозон аз 1-уми январ кушода шуда,  то 5-уми март
👍22💯2