FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)
1.46K subscribers
7.74K photos
533 videos
165 links
🇹🇯 Официальный канал футбольного клуба «Равшан» Куляб
Download Telegram
Танзими филм бахшида ба ғалабаи таърихи "Равшан" дар ЛЧ Осиё фардо ба анҷом мерасад
Мухлисони Равшан"и Кӯлоб ва умум Мухлисони футбол рӯзи шанбе соати 21:30 филмро аз Варзиш ТВ мунтазир бошед.
👍17👏1
Имрӯз яке аз аъзоёни дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, Наврӯзҷон Ҷабборов, ки бо маҳорати хоссааш ҳамчун аксбардор (фотооператор) дар рушди даста саҳм мегузорад, ҷашни зодрӯз дорад. Наврӯзҷонро аз номи роҳбарият, ҳайати даста ва мухлисони сершумори “Равшан”-и Кӯлоб бо рӯзи мавлудаш самимона табрик мегӯем ва барояш саломатӣ, муваффақиятҳои бештар ва рӯзгори пурфайзу бобарор таманно дорем.
❤12😍5👍1
FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)
Photo
Вобаста аз ҳайати асосӣ ба ҳайати ҷавонон гузаронидани Бахтиёр Зарипов дар нимаи дуюми мавсими 2024 масъалаи бисёр доғе буд, ки дастаи "Равшан" намехост оид ба ин масъала дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё расонаҳои хабарӣ ҳарфе занад. Зеро обрӯи футболбоз, мардонагии ӯ ҳангоми гузариш ба дастаи "Равшан" дар аввали мавсим, барои мо арзиши хеле балнд дошта дар лаҳзаҳои муташаниҷ шудани муносибати ӯ ва ситоди мураббиён мо аз нашр намудани иттилоъ дар бораи ба майдон наомаданаш худдорӣ карда будем. Мо бо Бахтиёр Зарипов ҳатман дар тамос мешавем ва агар воқеан ин иттилоъ ро худӣ ӯ расонаӣ карда бошад ҳолати баамал омадаро пурра дар расонаҳо ифшо мекунем. Дар ҳоли ҳозир бошад мо бояд даққиқ кунем, ки оё худи ӯ ҳамин иттилоъро ба GOAL.TJ додааст ва ё дар арафаи гузариши футболбозон ҳиллаю найрангбозии ба ном шабакаҳои "футболдӯсти Тоҷикистон" маъракаи нави зидди "Равшан"-ро оғоз намудаанд.
Ягона ҷавоби мо дар ҳоли ҳозир ҳамин аст, ки ҳамон гунае, ки футболбоз дар вақти имзои шартнома пеши даста шартҳои худро мегузорад, ҳамин гуна дастаи низ дар ҳолати фаъолияти ғайриварзишӣ ва ё натиҷаи ғайриқаноатбахш аз футболбоз ҳаққи худро талаб мекунад. Албатта, ки бо ҳуҷҷату далел.
💯13👍1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
📽"Тӯшае аз Роҳ"
🗓12.01.2025
🕤21:30
📺 Тв Варзиш
👍17❤3
Яке аз аввалин футболбозони хориҷӣ Самуел Офорӣ, ки дар тӯли се сол дар дастаи "Равшан" ҳунарнамоӣ намуд, баъд аз анҷоми шартнома ба ҳайси футболбози озод ба дастаи маъруфи "КФ Зимбру" аз кишвари Молдова мепайвандад. Ташаккур Самуел, дарҳои дастаи "Равшан" ҳамеша барои Шумо боз аст!
👍31😭1
Ҳимоятгари канорӣ Сорбон Ғиёсов барои як соли дигар бо дастаи "Равшан" шартномаи ҳамкориро тамдид намуд!
🔥22👍2💯2
Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Масрур Қиёмиддинов соли сеюм аст, ки дар дастаи "Равшан" фаъолияташро идома медиҳад, футболбоз барои як соли дигар шартномаи ҳамкориро бо дастаи "Равшан" тамдид намуд!
🔥28👍5❤2
Ҷамшед Мақсумов ҳам як соли дигар дар дастаи "Равшан" фаъолияти футболбозиашро идома медиҳад. Ҷамшед Мақсумов баъди пурра шифо ёфтанаш ма машқу тамринҳои даста бармегардад.
🔥14👍7👏2
Муҳофизатгари канорӣ Алиҷон Кароматулозода низ бо дастаи Равшан барои як сол шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Алиҷон узвуи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба ҳисоб рафата ба ҳайси дастпарвари КФ КМВА ҳамзамон дар дастаҳои Истиқлол ва Ҳосилот майдондорӣ кардааст.
🔥15💯3❤1
Ҳамлавари 25-солаи тоҷик Шериддин Бобоев, ки дар гузашта дар дастаҳои Истиқлол, Барқчӣ, Пенанг (Малайзия), Мақтарал (Қазоқстон) Санат-Нафт (Эрон), ва Ҳосилоти Фархор майдондорӣ намудааст ба сафи дастаи Равшан пайваст шуд. Шериддин Бобоев то давраи ҷароҳат бардоштанаш пайваста дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон даъват мешуд. Муваффақият хоҳонем!
🔥20👏6👍5💯5
Дастаи "Равшан" бо ҳимоятгари марказӣ Сиддиқ Камол хайру хуш карданд. Ба Сиддиқ Камол дар фаъолияти минбаъда бурдборӣ таманно дорем!
👍11👏2
Ҳамзамон дастаи "Равшан" бо ҳимоятгари канорӣ Кристиан Мочич баъди итмоми шартномаи ҳамкорӣ хайру хуш карданд. Ба Кристиан Мочич дар фаъолияти минбаъда бурдборӣ таманно дорем!
💯18👍4😢2
Муҳаммадрабӣ Раҳматуллоев низ ин мавсим фаъолияти худро дар дастаи “Равшан” идома медиҳад. Муҳаммадрабӣ ҳамзамон ба ҳайси дарвозабони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон пайваста ба тими олимпӣ даъват карда мешавад.
👍18🔥3
Бахтовари Хуршед барои як соли дигар дар дастаи “Равшан” фаъолияти худро идома медиҳад. Бахтовар дастпарвари дастаи “Равшан”-и Кӯлоб буда аз соли 2021 инҷониб ба ҳайси ҳимоятгари каонрӣ ва ҳам марказӣ, дар дастаи асосии “Равшан” майдондорӣ карда истодааст. 
👍26👏3
Шартномаи ҳамкорӣ миёни дастаи “Равшан” ва Азизбек Султонов ба итмом расид. Ташакур барои ҳамкорӣ!
👍11🔥1
Шартномаи ҳамкорӣ миёни дастаи “Равшан” ва Салам Ашурмамадов ба итмом расид. Ташакур барои ҳамкорӣ!
👍11
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
📽"Лаҳзаҳои махсуси сафари даста.
"Ал Вақра - Равшан"
👍6🔥1
ТУЙ МУБОРАК АЗИЗБЕК,
нимҳимоятгари дастаи "Равшан"-и Кӯлоб Азизбек Хаитов оила барпо намуд.
Ба ин муносибат Азизбекро аз номи роҳбарият, ҳайати футболбозон ва мухлисони даста табрик менамоем. Бароятон беҳтарини хӯшаҳои зиндагиро таманно дорем!
👍36❤4👏2