FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)
1.46K subscribers
7.74K photos
533 videos
165 links
🇹🇯 Официальный канал футбольного клуба «Равшан» Куляб
Download Telegram
Ғалаба муборак бошад
Мухаммад Наимов
👍36🔥2
3 феврал Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо масъулини соҳаи футболи кишвар вохӯрӣ анҷом хоҳанд дод.

3 февраля Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе, Президент Федерации футбола Республики Таджикистан уважаемый Рустам Эмомали встретится с руководством футбольной сферы Республики Таджикистан.

On February 3, the Chairman of the Majlisi milli Majlisi Oli of the Republic of Tajikistan, the Chairman of the city of Dushanbe, the President of the Football Federation of the Republic of Tajikistan, honourable Rustam Emomali will meet with the leadership of the football sphere of the Republic of Tajikistan.
@RustamEmomali
👍3
Футболбози 22-солаи тоҷик Алишер Раҳимов, ки таи се соли охир дар "Медиа-лига"-и Россия  майдондорӣ мекард ба сафи дастаи "Равшан" пайваст. Алишер Раҳимов ҳамзамон чанд маротиб ба дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон низ даъват шудааст. Шартномаи ҳамкорӣ ба муҳлати як сол баста шуд ва эҳтимол ҳамкорӣ миёни даста ва футболбоз дар оянда низ идома меёбад.

«Равшан» пополнил 22-летний таджикский футболист Алишер Рахимов, последние три года выступавший в российской «Медиа Лиге». Алишера Рахимова несколько раз приглашали в молодёжную сборную Таджикистана. Соглашение о сотрудничестве заключено сроком на один год, вероятно сотрудничество команды и футболиста продолжится и в дальнейшем.
👍76👎11❤6🔥5
Иттилоъ дар бораи мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо масъулони соҳаи футболи мамлакат
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо масъулони соҳаи футболи мамлакат мулоқот анҷом доданд.
Дар мулоқот роҳбарони гурӯҳҳои кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони Федератсияи футбол дар минтақаҳои кишвар, роҳбарони бонкҳои давлатию тиҷоратӣ, инчунин намояндагони бахши хусусӣ иштирок доштанд.
Дар оғози мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ зикр намуданд, ки дар доираи дастуру супоришҳои мулоқот бо масъулони соҳаи футболи мамлакат аз 3 ноябри соли 2023 вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту идораҳо дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон корҳои муайянро ба сомон расонидаанд.
Таъкид гардид, ки имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ татбиқи Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 бомаром идома ёфта, дар натиҷаи тадбирҳои амалишуда барои рушди муназзами футбол дар кишвар шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуд.
Аз дастовардҳои футболи тоҷик дар соли 2024, аз ҷумла ширкати муносиби тими миллии дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ва дар миёни ҳашт дастаи беҳтарини қитъаи Осиё ҷой гирифтани он,  дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ба таври арзанда ҳунарнамоӣ кардани дастаи мунтахаби футзали кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Бо пешниҳоди Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказ аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол ҳамчун рӯйдоди таърихӣ барои миллати тоҷик ва кулли ҳаводорони футбол маънидод гардид.
Дар ҷараёни мулоқот гузоришҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вилоятҳои Суғд ва Хатлон оид ба натиҷаҳои амалисозии дастуру супоришҳои  мулоқот бо масъулони соҳаи футболи мамлакат аз 3 ноябри соли 2023 ва вазъи рушди футбол дар минтақаҳо шунида шуд.
Дар фарҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир ба тадбирҳои минбаъда ҷиҳати фароҳам овардани шароити созгор барои рушди футбол, аз ҷумла рушди инфрасохтори соҳа, ба масъулони соҳа як қатор дастуру супоришҳо доданд.
Аз ҷумла, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ уҳдадор гардиданд, ки ҷиҳати мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ ба роҳ мондани фаъолияти варзишгоҳҳое, ки дар онҳо дастаҳои лигаҳои касбӣ бозиҳои худро мегузаронанд, чораҳои мушаххас амалӣ намоянд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазифадор гардид, ки толорҳои варзишии ҳудуди вилоятро барои гузаронидани мусобиқаҳои дохилӣ омода карда, ҷиҳати таъсиси мактаби варзишӣ оид ба футзал тадбирҳои дахлдор андешад.
👍9
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Марҳилаи дуюми омодагиҳои дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд идома меёбад. 
Шогирдони Дмитрий Черишев давоми 20-рӯз машқу тамринҳои худро дар Осоишгоҳи “Баҳористон” роҳандозӣ менамоянд ва интизор аст, ки дар ин давра дастаи “Равшан” бо дастаҳои кишвари Ӯзбекистон, Қазоқистон ва яке аз дастаҳои Лигаи олии Тоҷикистон бозиҳои санҷишӣ барпо намояд.
КФ “Равшан”
👍16🔥1
🎉С днем рождения Евгений Гриценко, опора и надежда всей команды! Пусть в твои ворота не попадает даже самый сильный соперник, пусть твои руки всегда ловят не только летящие мячи, но и большую удачу жизни. А ещё мы желаем тебе крепких сил, личного счастья и доброй славы!

Имрӯз дарвозабони дастаи Равшан Евгений Гритсенко зодрӯз дорад. Хоҳони онем, ки рақиби пурқувваттарин ҳам имкони ба дарвозаат гол заданро наёбад, бигзор дастонат ҳамеша на танҳо тӯбҳои парвозкунанда, балки бахти бузурги зиндагиро ҳам ба каф гирад. Мо ба Шумо нерӯи қавӣ, хушбахтии оилавӣ ва шӯҳрати бардавомро ҳамроҳ бо дастаи дӯстдоштаамон орзумандем!
❤22👍11
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🎉С днем рождения Евгений Гриценко.
👍19❤3
🎉Зодрӯз муборак, Холмурод Назаров! Ба Шумо шифои комил, неруву тавоноӣ, қувват ва баргашти пурқудрат ба майдон таманно дорем. Зодрузотон муборак бошад!
👍19
⚡БОЗИИ САНҶИШӢ

🔴«Равшан» - «Мастчоҳ»⚪

⏰Вақт: 11:00

🏟️Макон: Варзишгоҳи "БАҲОРИСТОН"
👍15
Натиҷаи қуръапартоии мавсими 2025-и 🇹🇯 Лигаи олии Тоҷикистон ва бозиҳои даври аввали мусобиқа
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
👍5
БОЗИИ САНҶИШӢ БА АНҶОМ РАСИД!
😢16😨7👎3👍2
⚡БОЗИИ САНҶИШӢ

⚪«Эсхата» 🆚 «Равшан»🔴

🗓️ 10 феврал

⏰Вақт: 15:00

🏟️Макон: Варзишгоҳи "БАҲОРИСТОН"
❤6👍2