Ба тамоми афсарону сарбозон ва ҳомиёни шуҷои Ватан!
Бо ифтихор ва самимияти бепоён дастаи футболи "Равшан" Шумоёнро ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба ҳар яки Шумо нерӯи қавӣ, иродаи матин ва тансиҳативу комёбиҳо таманно дорад.
Маҳз бо талошу заҳматҳои Шумо сулҳу суботи Ватани азизамон ҳифз гардида, мардум бо дили гарм ва хотири ҷамъ зиндагӣ мекунанд. Бигзор, қудрати дифои Тоҷикистон ҳамеша устувор бошад ва парчами давлатамон бо ифтихор дар фазои озодӣ парафшонӣ кунад!
Саломат бошед, ҳомиёни шуҷои Ватан!
Бо эҳтиром,
Дастаи футболи "Равшан"

👍12
“РАВШАН” АЗ ҶОНИБИ ЛИГАИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН ҚАДРДОНӢ ГАРДИД!
Дар толори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Левакант маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи вилояти Хатлон баргузор шуд. Дар чорабинии мазкур муовини раиси вилоят Анзурат Абдусаломзода, ноиби Президенти Фдератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев ширкат варзиданд. Дар доираи барномаи маросим ба дастаи “Равшан” медалҳои биринҷии Лигаи олӣ , барои мавсими 2024 тақдим гардид.

Бо самимияти беандоза ҳамаи шумо, дӯстдорони футболи тоҷик ва мухлисони азизи дастаи "Равшан"-ро ба фарорасии моҳи мубораки Рамазон табрик мегӯем!
Рамазон моҳи хайру баракат, сабру таҳаммул ва тақвиятбахши рӯҳию ҷисмонист. Бигзор ин моҳ ба ҳар хонадон сулҳ, муҳаббат ва баракат оварад. Дар ин айёми пурфайз дуоҳои неки шумо пазируфта гарданд ва дилҳоятон аз нури имон пурнур бошад!
Бо эҳтиром,
Дастаи футболи "Равшан"
Рамазон моҳи хайру баракат, сабру таҳаммул ва тақвиятбахши рӯҳию ҷисмонист. Бигзор ин моҳ ба ҳар хонадон сулҳ, муҳаббат ва баракат оварад. Дар ин айёми пурфайз дуоҳои неки шумо пазируфта гарданд ва дилҳоятон аз нури имон пурнур бошад!
Бо эҳтиром,
Дастаи футболи "Равшан"
👍27❤4
АЯНВАЛЕ ОҶЕТУНДЕ ФУТБОЛБОЗИ НАВИ ДАСТАИ “РАВШАН”
КФ “Равшан” Кӯлоб бо ҳамлавари марказӣ аз кишвари Нигерия Аянвале Оҷетундеи 22-сола то охири мавсим шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Оҷетунде то соли 2023 дар дастаҳои “Севан”, “Ван”, ва “Лернаин Арсах” кишвари Арманистон ва соли 2024 дар дастаи “Телави” Гурҷистон майдондорӣ намудааст. Футболбози мазкур бо даъвати сармураббии “Равшан” Дмитрий Черишев ба даста ҳамроҳ шудааст.

👍24👎2👏2🔥1