FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)
1.46K subscribers
7.74K photos
533 videos
165 links
🇹🇯 Официальный канал футбольного клуба «Равшан» Куляб
Download Telegram
Суратгузориш аз рафти бози "Равшан" ва "КМВА"
👍10❤1
🏆АЗАМАТИ НОЗИМ БЕҲТАРИН БОЗИНГАР АЗ ҲАЙЪАТИ ҶАВОНОНИ "РАВШАН" ДАР МОҲИ АПРЕЛ.
🏆13
Омори бозии «Равшан» ва «КМВА»
👍25👎4🏆4👏1
🏆Чемпионати Тоҷикистон -2025
⚽️Лигаи олӣ / Даври 8
🟡Барқчи 🆚 Равшан⚪
📆10-уми май (Шанбе)
⏰️Оғоз соати 18:00
🏟Ҳисор / Варзишгоҳи марказӣ
❤10👍5🏆1
ЗОДРӮЗ МУБОРАК, ҶАМШЕД МАҚСУМОВ!🎉

Клуби Футболи «Равшан»-и Кӯлоб бо камоли ифтихор Ҷамшед Мақсумов — ниммуҳофизи фаъолу меҳнатдӯсти дастаамонро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик мегӯяд!

Ҷамшед, ту бо заҳмату ҷонфидоӣ, бозии зебову созанда дар маркази майдон, яке аз сутунҳои муҳими даста ба ҳисоб меравӣ.

Ба ту тансиҳатии комил, илҳоми нав, пирӯзиҳои пай дар пай ва муваффақият дар ҳар як қадами ҳаёт ва футбол орзӯ дорем. Бигзор ҳар рӯзи зиндагият бо бурд ва ҳар бозиат бо ғалаба ҳамроҳ бошад!

Бо эҳтиром,
Клуби Футболи «Равшан»-и Кӯлоб
👍23❤1
📆 10 май | шанбе
⌚️ Оғоз – соати 18:00
«Барқчӣ» 🇹🇯 🆚 🇹🇯 «Равшан»
🚩 Сардовар: Саёдҷон Зайниддинов (Душанбе)
🏳 Ёварон: Вафо Қараев (Шаҳринав), Исмоил Нуралиев (Норак)
🔄 Довари захиравӣ: Рустам Нурматов (Душанбе)
🚩 VAR: Зуҳал Хуҷаназарова (Душанбе)
🚩 AVAR: Акмал Буриев (Турсунзода)
🖥 RO: Шарифбек Нуриддинов (Душанбе)
👨🏼‍🎓 Инспектори доварон: Равшан Ишматов (Кӯшониён)
🕵️‍♂️ Комиссари бозӣ: Асрор Шораҷабов (Душанбе)
🏟 Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
🏆7
3 бозингари дастаи мо ба тими миллии Тоҷикистон даъват шуданд!

Бо ифтихор эълон мекунем, ки Шериддин Бобоев, Алиҷон Кароматулозода ва Азизбек Ҳаитов — се намояндаи сазовори дастаи мо — ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон барои бозиҳои байналмилалӣ даъват гардиданд!

Мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 5-уми июн дар бозии дӯстона бо тими Камбоҷа ва рӯзи 10-уми июн дар бозии расмии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили яккачини Филиппин вориди сабқат мешавад.

Ҳарду бозӣ дар сафар доир мегарданд.

Мо ба бозингаронамон муваффақият ва бозии пурнур орзумандем! Бо ифтихор ба пеш!
👍13
🇹🇯 АЗ 19 ТО 25 МАЙ ДАР ТОҶИКИСТОН РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ БОШУКӮҲУ ШАҲОМАТ ТАҶЛИЛ МЕШАВАД

❗️ Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол аз 19 то 25 май дар саросари кишвар чорабиниҳои калон дар самти оммавӣ гардонии футбол, таҳкими нақши он дар ҷомеа ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ба нақша гирифта шудаанд.

ℹ️ Ба барномаи ҳафтаи футбол, ки ба Рӯзи ҷаҳонии футбол бахшида шудааст, як қатор чорабиниҳо шомил гардидаанд:

⏺ Зиёда аз 25 фестивали футбол барои кӯдакон дар тамоми минтақаҳои кишвар;

⏺ Бозии ситораҳои футболи Тоҷикистон ва Русия;

⏺ Рақобат барои Суперҷоми Тоҷикистон-2025 байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода;

⏺ Бозиҳои силсилаи ниҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025;

⏺ Оғози мавсими нави Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон;

⏺ Мусобиқаҳои кӯдакону наврасон дар минтақаҳои ҷумҳурӣ;

⏺ Мастер-классҳо бо иштироки бозигарони дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон;

⏺ Мусобиқаҳо байни ташкилотҳо.

🇹🇯 Федератсияи футболи Тоҷикистон аз тамоми ҳаводорони варзиш, ҷавонон, мураббиён, мутахассисон ва мухлисон даъват менамояд, ки дар таҷлили ⚽ Рӯзи ҷаҳонии футбол ширкат варзида, дар рушди фарҳанги футболи кишвар 🇹🇯 саҳм гузоранд.

⚽️ ⚽️ ⚽️

🇹🇯 С 19 ПО 25 МАЯ В ТАДЖИКИСТАНЕ МАСШТАБНО ОТМЕТЯТ ВСЕМИРНЫЙ ДЕНЬ ФУТБОЛА

❗️ В рамках празднования Всемирного дня футбола с 19 по 25 мая по всей стране запланированы масштабные мероприятия, направленные на популяризацию футбола, укрепление его роли в обществе и продвижение здорового образа жизни.

ℹ️ В программе недели футбола, приуроченные Всемирному дню футбола, запланированы ряд мероприятий:

⏺ Более 25 фестивалей футбола для детей во всех регионах страны;

⏺ Матч легенд футбола Таджикистана и России – в Душанбе;

⏺ Матч за Суперкубок Таджикистана-2025 между душанбинским «Истиклолом» и турсунзадевским «Регар-ТадАЗом» в Гиссаре;

⏺ Матчи финальной серии Суперлиги Таджикистана-2025 по футзалу между «Соро компанией» и «Истиклолом»;

⏺ Старт нового сезона Женской футбольной лиги Таджикистана;

⏺ Детские и юношеские турниры в регионах страны;

⏺ Мастер-классы с участием игроков сборных команд Таджикистана;

⏺ Турниры среди различных организаций и другие футбольные мероприятия.

🇹🇯 Федерация футбола Таджикистана приглашает всех любителей спорта, молодёжь, тренеров, специалистов и болельщиков присоединиться к празднованию ⚽ Всемирного дня футбола и внести свой вклад в развитие футбола в стране 🇹🇯.

#РузиЧахонииФутбол #ВсемирныйДеньФутбола #WorldFootballDay
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
👍5❤1
Иди Ғалаба муборак!

Клуби футболи «Равшан»-и Кӯлоб ҳамаи сокинони кишварро ба муносибати Рӯзи Ғалаба табрик менамояд!

9 май — ин рӯзи ифтихор, шуҷоат ва қаҳрамонии онҳое аст, ки барои сулҳу оромӣ, озодӣ ва зиндагии осоиштаи наслҳои оянда ҷоннисорӣ кардаанд. Мо имрӯз бо эҳтирому арҷгузорӣ ёди ҳамаи қурбониён ва ғолибони Ҷанги Бузурги Ватаниро гиромӣ медорем.

Сулҳу субот, осмони соф ва пирӯзиҳои нав ба ҳар як хонадони тоҷик орзумандем!

Иди Ғалаба муборак!
1941–1945
👍12❤3🏆1
#𝐌𝐀𝐓𝐂𝐇𝐃𝐀𝐘 🔥
🏆 Чемпионати Тоҷикистон | Даври 8
🟡«Барқчи» 🆚 «Равшан»⚪
🏟️ Ҳисор / Варзишгоҳи марказӣ
📆 10.05.2025
⏰ 18:00
📺 «Тв Футбол»
🛑 «Пахши мустақим»
👍14🏆3
БОЗӢ БА АНҶОМ РАСИД!
👍35❤2👏1🏆1
Пирӯзӣ бо шумо хуштар аст!⚽❤️
👍43🏆6❤5💯3👎1🔥1👏1😍1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Шарҳи Бозӣ Барқчӣ ва Равшан аз варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор.
👍10
ЗОДРӮЗ МУБОРАК, ДМИТРИЙ ЧЕРИШЕВ!🎉

Роҳбарият ва аҳли кормандони Клуби Футболи «Равшан»-и Кӯлоб зодрӯзи сармураббии муҳтарами худ, Дмитрий Черишев-ро самимона табрик мегӯянд!
Ба Шумо саломатии бардавом, рӯҳбаландӣ ва муваффақиятҳои нав дар кори пурмасъулиятатон орзу дорем.

Бо Шумо — ба сӯи пирӯзиҳо!

✨✨✨✨✨✨✨✨✨

С ДНЁМ РОЖДЕНИЯ, ДМИТРИЙ ЧЕРЫШЕВ!🎉

Руководство и весь коллектив футбольного клуба «Равшан» (Куляб) сердечно поздравляют уважаемого главного тренера Дмитрия Черышева с днём рождения!
Желаем Вам крепкого здоровья, энергии и новых побед вместе с нашей командой.

С Вами — к большим достижениям!
💯13👍9❤4