ДАР «КӮЛОБ-АРЕНА» БО ШУКУҲУ ШАҲОМАТ «РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ» ТАҶЛИЛ ГАРДИД!
БО ИБТИКОРИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ КӮЛОБ ВА РОҲБАРИЯТИ КЛУБИ ФУТБОЛИ «РАВШАН» БА ИСТИҚБОЛИ «РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ» ЧОРАБИНИИ БОШУКӮҲИ ВАРЗИШИЮ ФАРҲАНГӢ РОҲАНДОЗӢ ШУД.
Истиқбол аз «Рӯзи ҷаҳонии футбол» дар варзишгоҳи «Кӯлоб-Арена» бо барномаҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ бо доираи васеъи кӯдакону наврасон ва ҷавонони шаҳри Кӯлоб роҳандозӣ шуда, ҳамзамон шумораи зиёди меҳмонон ва ҳаводорони футболро ба ҳам овард.
Дар чорабинии мазкур Узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси федератсияи футболи минтақаи Кӯлоб, раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр ва ҳамзаамон роҳбарони ташкилоту идораҳои шаҳр ва минтақаи Кӯлоб ширкат варзиданд.
Ҳамзамон бароии тамошо ва табрики иштирокчиёни чорабинӣ намояндагони Федератсияи футболи вилояти Хатлон, собиқадорони футбол, хабарнигорон ва сарпарастону шарикони дастаи "Равшан" ба фестивал ташриф оварда, шоҳиди иди бошукуҳи футбол гардиданд.
Дастпарварони Муассисаҳои давлатии мактаби варзишии шаҳр ва минтақаи Кӯлоб бо роҳбарии мураббиён дар назди ҳамагон ҳунару истеъдоди худро намоиш дода, аз тарафи Раиси шаҳри Кӯлоб ва сарпарастони дастаи “Равшан” ҶДММ "Ҳоҷӣ-Шариф" бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
Дар фестивали мазкур беш аз 200-нафар наврасон аз ҷониби масъулони чорабинӣ бо лавозимот ва сару либоси варзишӣ таъмин гардида баҳри ҳозирин барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шаҳри Кӯлоб пешкаш гардид, ки ин ҳамоиш дер боз дар хотири иштирокдорон нақш мебандад.
Дар ин росто аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Кӯлоб, клуби футболи “Равшан” ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру минтақаи Кӯлоб ба иштирокдорон обҳои ташнашикан ва яхмосҳо тақдим карда шуд.
Таҷлили «Рӯзи ҷаҳонии футбол» дар шаҳри Кӯлоб ба чорабиниҳои варзишиву фарҳангии вилояти Хатлон ҳусни оғоз бахшида дар рӯзҳои баъдӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузории ҳамин қабил ҳамоишҳои варзишию фарҳангӣ ташкилу баргузор карда мешаванд.
КФ "Равшан" Кӯлоб

👍7❤2🏆1
РӮЗИ ҶАВОНОН МУБОРАК!
Бо ифтихор тамоми ҷавонони кишварро аз номи ФК “Равшан” (Кӯлоб) бо Рӯзи ҷавонон табрик мегӯем!
Шумо — нерӯи созанда ва фардои дурахшони Ватанед. Бо муҳаббат ба футбол ва садоқат ба Ватан, ҷавононро такягоҳи асосии худ мешуморем.
Ба ҳар яки шумо тандурустӣ, нерӯи тоза ва дастовардҳои навро орзу мекунем!
Бо эҳтиром,
ФК “Равшан” (Кӯлоб)

👍12❤2🏆2