FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)
1.46K subscribers
7.74K photos
533 videos
165 links
🇹🇯 Официальный канал футбольного клуба «Равшан» Куляб
Download Telegram
🏆 ФОНДИ ҶОИЗАВИИ МУСОБИҚАИ «ҶОМИ ҶАВОНӢ-2025» 60 ҲАЗОР СОМОНИРО ТАШКИЛ МЕДИҲАД

🇹🇯 Лигаи футболи Тоҷикистон бори чаҳорум дар тобистон мусобиқаи анъанавӣ барои дарёфти «Ҷоми Ҷавонӣ»-ро байни дастаҳои ҷавонони Лигаи олии Тоҷикистон баргузор мекунад. Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

🔹 Дар қуръакашӣ ёздаҳ даста ба се гурӯҳ тақсим шуданд. Дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила доир мешаванд. Ғолибони гурӯҳҳо аз минтақаҳои Душанбею Суғд ва ду даста аз минтақаи Хатлон ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд.

ℹ️ Ғолибони бозиҳои 1/2 ниҳоӣ дар финал ва мағлубшудаҳо дар бозӣ барои ҷойи сеюм ба ҳам меоянд.

🥇🥈🥉 Ғолиби мусобиқа бар иловаи ҷом бо 30 ҳазор сомонӣ, барандагони медалҳои нуқра бо 20 ҳазор сомонӣ ва соҳибони медалҳои биринҷӣ бо 10 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд.

🏆 Итоги жеребьевки турнира «Кубок Джавони»:
🔺 Группа «А»: «Регар-ТадАЗ» «Баркчи» ЦСКА.
🔺 Группа «Б» «Хулбук» «Равшан» «Хосилот» «Вахш» «Панджшер»
🔺 Группа «В»: «Худжанд», «Эсхата» «Истаравшан
❤6👍2
Имрӯз роҳбари Фан-клуби дастаи “Равшан” таҳти унвони “Шерони-Кӯлоб” Абдусаттори Абдуҷаббор ҷашни мавлуд доранд. Аз номи роҳбарият ва ҳайати дастаи “Равшан” ба мухлиси сарсупурдаи футболи меҳан алалхусус дастаи “Рашван” ҷашни зодрӯзашонро табрику шодбош мегуем. Ҳамеша бо мо бошӣ Абдусаттор!
👏24❤3🔥3
Таҳрими трансферии бошгоҳи футболи Равшан"и Кӯлоб аз ҷониби ФИФА бардошта шуд
Даста имконият дорад аз 1-уми июл трансферҳои навро анҷом диҳад.


Дар ин бора менеджери дастаи "Равшан" Меҳровари Кишвар иттилоъ дод
👍36❤7🔥1
Зодрӯз муборак бошад муҳтарам Раис!
Муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр, бо камоли эҳтиром ва самимияти хоса аз номи маъмурият, футболбозону ситоди мураббиён ва ҳазорон нафар мухлисони дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, Шуморо бо рӯзи зодрӯзатон самимона табрику муборакбод мегуем. Дар қатори дигар пешравию ободкориҳое, ки дар шаҳри Кӯлоб зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо роҳбарии Шумо шуда истодааст соҳаи варзиш, махсусан футбол низ дар ин шаҳри бостонӣ рӯ ба пешравӣ дорад. 
Мо ифтихор мекунем, ки дар ин кори пурмашаққат Сарпарастони бонангу номус ва чунин як Раиси ғамхору меҳрубон дорем, ки аз пайравони асили Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта аз як мавсим ба мавсими дигар ба муваффақияту музаффариятҳои нав ба нав ноил гардида истодаем. Таъин гардидани Шумо ба вазифаи Раиси Федератсияи футболи минтақаи Кӯлоб дар соли ҷорӣ дили мухлисону ҳаводорони ин риштаи варзиши рақами 1-и сайёра бозҳам гарм ва бовариашон ба рушуд пешрафти футбол зиёд гардонидааст.
Ҳамаи ин пешравиҳо мо ҷавонони шаҳри Кӯлобро бозҳам ба ояндаи неку дурахшон роҳнамоӣ намуда аз ин дастгириҳо ифтихорманду сарфароз мебошем. Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, айни замон дар яке аз зинаҳои ифтихории Чемпионати мамлакат қарор дошта ҳамоно барои ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ талош варзида истодааст. Бо ин ҳама нияту ормонҳои нек бори дигар Шуморо ба ҷашни зодрузатон табрику муборакбод намуда ба Шумо саломативу сарбаландӣ таманно дорем ва умед дорем, ки дар охири мавсим мо ҳама якҷоя боз аз дастовардҳои нави дастаи “Равшан”-и Кӯлоб истиқбол мегирем.
Зодруз муборак бошад муҳтарам Раис, Назарзода Бахтиёр Худоёр!!!
👏12❤2👍2
🔔РАВЗАНАИ ГУЗАРИШИ ТОБИСТОНА ДАР ТОҶИКИСТОН КУШОДА ШУД!

📅 Аз 1-уми июл то 28-уми июл равзанаи расмии гузариши тобистона дар Чемпионати Тоҷикистон-2025 амал мекунад.

⚽ Дар ин муддат дастаҳо ҳақ доранд бозигарони навро ба қайд гиранд ва барои тақвияти ҳайати худ шартномаҳои нав имзо намоянд.

📢 ХАБАРҲОИ НАВРО АЗ ДАСТАИ МО ПАЙГИРӢ НАМОЕД – ТАҒЙИРОТИ ҶОЛИБ ДАР ПЕШАНД!
❤13👍2🔥1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Ба Кӯлобшаҳри бостонӣ хуш омади Парвиз бародар 🤝🫡
👍22🔥2🏆2❤1🙏1
ЗОДРӮЗИ ҶАВОНМАРДИ АСИЛ ИСМОИЛИ МАҲМАДЗОИР МУБОРАК!

Имрӯз яке аз чеҳраҳои шинохтаи ҷавон, умедбахш ва дурнигарои Тоҷикистони азиз – Раиси Федератсияи ҷудои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсияти ватандӯсту саховатманд Исмоили Маҳмадзоир ҷашни зодрӯз доранд.

Исмоили Маҳмадзоир дар байни ҳазорон ҳамватан бо фаъолияти нек, кӯмакҳои бесобиқа ва дастгириҳои самимӣ, бахусус нисбати бенавоёну эҳтиёҷмандон, маъруфу маҳбуб гардидааст. Дар шаҳри Кӯлоб низ номбурда ҳамчун як сарпарасти воқеӣ ва ҷонибдори рушди варзиш, бахусус футболи маҳаллӣ, шинохта шудааст. Мухлисони дастаи “Равшан”-и Кӯлоб ӯро бо ифтихор ва самимият ба ёд меоранд.

Имрӯзҳо дастпарварии клуби “Равшан” бо дастгириҳои доимии роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар симои муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва бо сарпарастии беминнати Исмоили Маҳмадзоир ва падари гиромии ӯ, Маҳмадзоир Соҳибов, рушд карда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Чунин комёбиҳо, албатта, маҳсули кӯшишу заҳмат ва садоқати шахсиятҳои некном аст.

Аз номи роҳбарият, футболбозон ва тамоми мухлисони дастаи “Равшан”-и Кӯлоб Шуморо ба муносибати зодрӯз сидқан табрик гуфта, ба Шумо тансиҳатии комил, бахти сафед ва муваффақиятҳои пайдарпайро таманно дорем!

ЗОДРӮЗАТОН МУБОРАК, BOSS!
❤13👍1
«Равшан» омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуд.
Футболбозони «Равшан»-и Кӯлоб аз таътил баргаштанд ва ба қисми дуюми мавсими-2025 омодагӣ мебинанд.
👍23🔥3❤2💯1
🇹🇯 🏆Натиҷаи маросими қуръакашии қисмати асосии 1XBet-Ҷоми Тоҷикистон-2025

⚽️⚽️⚽️

🇹🇯 🏆Итоги жеребьевки основной сетки розыгрыша 1XBet-Кубка Таджикистана-2025

#ЧомиТочикистон #КубокТаджикистана #TajikistanCup
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
❤10🔥2