ТАШАККУР БАРОИ ҲАМКОРӢ!
📌 Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бо ба охир расидани муҳлати қарордод бо як зумра футболбозон бо мувофиқаи тарафайн ба хулосае омаданд, ки шартномаро тамдид накунанд.
📌 Инчунин якчанд бозигарони даста пас аз хотимаи муҳлати қарордод “Равшан”-ро тарк карда, аллакай дар сафи дастаҳои дигар қарор доранд.
“Равшан”-и Кӯлоб ба ҳамаи ин бозигарон миннатдорӣ баён намуда, дар фаъолияти минбаъдаашон муваффақият таманно менамоем!

🏆7❤4😢2
ҶАМШЕД МАХСУМОВ ДАР “РАВШАН” ЯК СОЛИ ДИГАР МЕМОНАД!
Ниммуҳофизатгар Ҷамшед Махсумов, ки ду мавсими охир дар ҳайати мо ҳунарнамоӣ дошт, шартномаи нави ҳамкориро барои як мавсими дигар ба имзо расонд.
Дар мавсими нав Махсумов таҳти рақами “17” ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Ба Ҷамшед муваффақият ва голҳову ассистҳои сершуморро таманно менамоем!

👍14❤3🔥1
ХУШ ОМАДӢ, АЛЕКСЕЙ ФИРСОВ!
“Равшан”-и Кӯлоб созишномаи ҳамкорӣ бо капитани мунтахаби ҷавонони Беларус Алексей Фирсов ба имзо расонд.
Фирсов дастпарвари мактаби “Динамо Минск” буда, дар бошгоҳҳои “Динамо” Брест, “Нафтан”, “Барановичи” ва “Сморгон” ҳунарнамоӣ кардааст.
Алексей Фирсов дифоъгарӣ марказӣ буда, рақами “5”-ро дар “Равшан” интихоб намуд.
БА КӮЛОБ ХУШ ОМАДӢ, АЛЕКСЕЙ!

👍25❤6🔥6😍1
ОРИЁНМЕҲР ХОЛИҚЗОДА БА ДАСТАИ “РАВШАН” ПАЙВАСТ
“Равшан” бо футболбози 19-солаи умедбахш Ориёнмеҳр Холиқзода созишномаи ду сола ба имзо расонд.
Ориёнмеҳр узви дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) буд. Дастпарвари мактаби “Истиқлол” буда, мавсимҳои охир дар ҳайати “Барқчӣ” ҳунарнамоӣ мекард.
Ба Ориёнмеҳр Холиқзода комёбиҳои беназир ва рушди касбиро таманно менамоем!

👍18❤3🔥1
БО ДАСТПАРВАРИ ДАСТА САИДҶОН ШАРИФЗОДА ШАРТНОМАИ СЕ СОЛА БАСТА ШУД
“Равшан”-и Кӯлоб ҳамеша ба дастпарварони мактаби худ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.
Ҳамин тариқ, роҳбарият тасмим гирифт, ки бо дарвозабон Саидҷон Шарифзода, ки дастпарвар ва бозигари дастаи ҷавонони “Равшан”-и Кӯлоб аст, шартномаи се сола ба имзо расонад.
Мавсими гузаштаро дарвозабони 17-сола дар иҷора дар дастаи “Шодмон” гузаронда буд.

👍18❤2
Директори варзишии «Равшан»-и Кӯлоб Зоир Бобоев фаъолияти худро дар даста пас аз мавсими 2025 ба поён расонд.
Роҳбарияти “Равшан”-и Кӯлоб ба Зоир Бобоев барои фаъолияти пурсамар дар ин муддат ва саҳмгузорӣ дар пешравии даста миннатдорӣ бепоён баён намуда, барояшон муваффақият таманно менамояд.

👍17❤10
МУҲАММАДАЛӢ АЗИЗБОЕВ - БОЗИГАРИ НАВИ “РАВШАН”
Ҳамлавари 23-сола Муҳаммадалӣ Азизбоев ба сафи “Равшан” пайваст. Шартнома бо системаи “1+1” баста шуд.
Бояд гуфт, ки Азизбоев, ки узви мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аст, дар ҳайати “Равшан” соли 2022 ҳунарнамоӣ карда буд. Мавсими гузашта ӯ дар ҳайати “Парвоз” қарор дошт.

👍15❤2👏2
АНДРЕЙ ЧЕКОТУН - ДАРВОЗАБОНИ НАВИ «РАВШАН»
Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб шартнома бо дарвозабони 23-солаи украинӣ Андрей Чекотун ба тасвид расонд.
Чекотун дарвозабони мунтахаби ҷавонони Украина буда, ду мавсими охир дар дастаҳои дивизиони “Primera Federacion”-и Испания (ай руи сатҳ сеюм мусобиқаи Испания пас аз Ла Лига ва Сегунда) “Корухо” ва “Ибиса” ҳунарнамоӣ кардааст.

👍28❤4😍3👏1
МУРОДАЛӢ АҚНАЗАРОВ - БОЗИГАРИ ҶАДИДИ “РАВШАН”
“Равшан” бо мақсади пурқувват кардани хати ниммуҳофиза бо бозигари дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Муродалӣ Ақназаров шартномаи ҳамкорӣ баст.
Мавсими гузаштаро футболбози 21-сола дар ҳайати “Самтредия”-и Гурҷистон гузаронда, пеш аз он чанд сол дар ҳайати дастаи ҷавонони бошгоҳи Суперлигаи Туркия “Анталяспор” ҳунарнамоӣ мекард.

👍28❤4🔥2
РУСЛАН ХАЙЛОЕВ БА «РАВШАН» ПАЙВАСТ
Бозигари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Руслан Хайлоев ба сафи “Равшан” пайваст. Дар даста Хайлоев рақами “18”-ро интихоб кард.
Руслан Хайлоев 22-сола буда, дастпарвари мактаби «Зенит»-и Санкт-Петербург аст. Дар дастаҳои “Тюмен” ва “Истиқлол” ҳунарнамоӣ кардааст.

👍28❤5🏆3
🏆🇹🇯 5 ФЕВРАЛ МАРОСИМИ ҚУРЪАКАШИИ ТАҚВИМИ ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН-2026 БАРГУЗОР МЕШАВАД
✅5 феврал дар «Кохи Парфенон»-и шаҳри Душанбе маросими қуръакашии бозиҳои чемпионати Тоҷикистон-2026 миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор мешавад Чорабинӣ соати 10:00 оғоз мегардад
Дар 35-умин чемпионати Тоҷикистон дувоздаҳ бошгоҳ иштирок мекунад «Истиқлол» КМВА ҳарду аз Душанбе «Вахш» Бохтар «Равшан» Кӯлоб «Хуҷанд» «Эсхата» ҳарду аз Хуҷанд «Ҳосилот» Фархор «Регар-ТадАЗ» «Сардор» ҳарду аз Турсунзода «Барқчӣ» Ҳисор «Истаравшан» Истаравшан ва «Парвоз» Фурудгоҳи байналмилали Хуҷанд
Мавсими нав дар ду марҳила сурат гирифта ҳар як даста бо ҳар рақиб ҳам дар хона ва ҳам дар сафар бозӣ мекунад Дар натиҷа ҳар як бошгоҳ дар доираи чемпионат 22 бозӣ анҷом медиҳад
Дастае ки дар лигаи олии Тоҷикистон-2026 ҷойи охиринро мегирад, ба лигаи якум меафтад Бошгоҳе ки зинаи ёздаҳумро ишғол менамояд бо дастаи дуюми лигаи якуми Тоҷикистон-2026 бозиҳои гузаришӣ доир мекунад
Оғози мавсими нави Лигаи олии Тоҷикистон 6 март ба нақша гирифта шудааст.

👍10❤1