Tajikistan Football Federation|Федерация футбола Таджикистана
✔
10K subscribers
58.4K photos
1.02K videos
4 files
1.47K links
Official Telegram Channel of the Tajikistan Football Federation
Download Telegram
🥇 «Сипар» - ғолиби Ориё-Ҷоми Тоҷикистон-2026 оид ба футзал 🏆

Дастаи «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд дар финали мавсими имсола муқобили «Истиқлол» ғолиб омада (3:2), бори дуюм пайиҳам барандаи Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал гардид.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
❤8👍4🤩3👏1👌1💯1🤝1
🏆 «СИПАР» МАРОТИБАИ ДУЮМ ПАЙИҲАМ БАРАНДАИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ФУТЗАЛ ШУД
 
✅ Дастаи футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд соли дуюм аст, ки пайиҳам Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро ба даст меорад. Дар бозии ниҳоии мусобиқа намояндагони Хуҷанд бар дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 3:2 пирӯзӣ ба даст оварданд.
 
🔺 Вохӯрии ҳалкунанда 10 октябр дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»-и шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар ҷараёни бозӣ «Сипар» ду маротиба аз ҳариф қафо монд – 0:1 ва 1:2, аммо тавонист ҷараёни рақобатро ба нафъи худ тағйир дода, ғалабаро ба даст орад.
 
🔹 Аз ҳайати ғолибон легионери бразилӣ Фелипе Виейра ду гол ба самар расонд. Голи дигари «Сипар»-ро Юри Ферейра зад. Аз ҳайати «Истиқлол» Дилшод Саломов ва Хосе Пахаро муаллифи гол шуданд.
 
🔸 Легионери бразилии «Сипар» Фелипе Виейра беҳтарин бозигари вохӯрии ниҳоӣ эътироф гардид.
 
✨ Пас аз анҷоми бозии ниҳоӣ дар маросими ҷоизасупорӣ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов, раиси кумитаи футзали ФФТ Абдузоир Исмоилов, раиси кумитаи тартибӣ-интизомии Лигаи футзали Тоҷикистон Тоҳир Баротзода, директори Лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов ва роҳбари Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон Бахтиёр Маҷидов иштирок карданд.
 
🥇 Барои пирӯзӣ дар Ориё-Ҷоми Тоҷикистон-2026 оид ба футзал дастаи «Сипар» соҳиби ҷоми фахрӣ ва 100 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гардид.

🥈 Дастаи «Истиқлол», ки ба гирифтани мақоми дуюм мушарраф шуд, бо 50 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардид.
 
🔻 Аз рӯйи натиҷаи Ориё-Ҷоми Тоҷикистон-2026 оид ба футзал беҳтаринҳо дар номинатсияҳои инфиродӣ чунин муайян шуданд:
 
✅ Беҳтарин бозигари мусобиқа – Иқбол Воситзода («Сипар») – 4000 сомонӣ;
✅ Беҳтарин мураббӣ – Дониёр Абдираимов («Сипар») – 4000 сомонӣ;
✅ Беҳтарин дарвозабон – Фирӯз Бекмуродов («Сипар») – 3500 сомонӣ;
✅ Беҳтарин нишонзан – Юри Ферейра («Сипар») – 3500 сомонӣ;
✅ Беҳтарин легионер – Тиаго Игор («Истиқлол») – 3500 сомонӣ;
✅ Беҳтарин бозигари ҷавон – Муҳаммад Авғонов («Истиқлол») – 3500 сомонӣ;
✅ Дастаи беҳтарини расонаӣ – «Соро компания» – 3000 сомонӣ.
 
#FutsalTJK #TajikistanFutsalCup #FCIstiklol #FCSipar
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
👍4❤3💯2👏1👌1🏆1
🏆 «СИПАР» ВО ВТОРОЙ РАЗ ПОДРЯД ЗАВОЕВАЛ КУБОК ТАДЖИКИСТАНА ПО ФУТЗАЛУ
 
✅ Худжандский «Сипар» второй год подряд стал обладателем Кубка Таджикистана по футзалу. В финальном матче турнира команда одержала волевую победу над душанбинским «Истиклолом» со счетом 3:2.
 

🔺 Решающий поединок состоялся в субботу, 10 октября, в спортивном комплексе «Кохи Олимп» в Душанбе. По ходу встречи «Сипар» дважды уступал в счете – 0:1 и 1:2, однако сумел переломить ход игры и вырвать победу.
 
🔹 В составе победителей дубль оформил бразильский легионер Фелипе Виейра, ещё один гол на счету Юри Ферейры. У «Истиклола» отличились Дилшод Саломов и Хосе Пахаро.
 
🔸 Лучшим игроком финального матча был признан бразильский легионер «Сипара» Фелипе Виейра.
 
✨ После окончания финала в церемонии награждения приняли участие вице-президент Федерации футбола Таджикистана Искандар Джалилов, председатель комитета футзала ФФТ Абдузоир Исмоилов, председатель контрольно-дисциплинарного комитета Футзальной лиги Таджикистана Тохир Баротзода, директор Футзальной лиги Таджикистана Бахтовар Меликов и руководитель Ассоциации блогеров и вайнеров Таджикистана Бахтиёр Маджидов.
 
🥇 За победу в Ориё-Кубке Таджикистана-2026 «Сипар» получил почетный трофей и денежный приз в размере 100 тысяч сомони.

🥈 Финалист турнира «Истиклол» удостоился денежной награды в размере 50 тысяч сомони.
 
🔻 По итогам розыгрыша Ориё-Кубка Таджикистана-2026 по футзалу индивидуальные награды были вручены в следующих номинациях:
✅ Лучший игрок турнира – Икбол Воситзода («Сипар») – 4000 сомони;
✅ Лучший тренер – Данияр Абдыраимов («Сипар») – 4000 сомони;
✅ Лучший вратарь – Фируз Бекмуродов («Сипар») – 3500 сомони;
✅ Лучший бомбардир – Юри Ферейра («Сипар») – 3500 сомони;
✅ Лучший легионер – Тиаго Игор («Истиклол») – 3500 сомони;
✅ Лучший молодой игрок – Мухаммад Авгонов («Истиклол») – 3500 сомони;
✅ Лучшая медийная команда – «Соро компания» – 3000 сомони.
 
🏆 Ориё-Кубок Таджикистана-2026 по футзалу
🔹 Финал
«Истиклол» (Душанбе) 🇹🇯 🆚 🇹🇯 «Сипар» (Худжанд) – 2️⃣:3️⃣
⚽ Голы: Дилшод Саломов, 5 (1:0). Юри Ферейра, 7 (1:1). Хосе Пахаро, 21 (2:1). Фелипе Виейра, 35 (2:2). Фелипе Виейра, 40 (2:3).
🔝 Лучший игрок матча: Фелипе Виейра («Сипар»).
🏟 10 октября. Душанбе. Спорткомплекс «Кохи Олимп». 750 зрителей.
 
#FutsalTJK #TajikistanFutsalCup #FCIstiklol #FCSipar
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
👏5❤1🤩1👌1💯1🏆1🤝1