FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)
1.45K subscribers
7.74K photos
533 videos
165 links
🇹🇯 Официальный канал футбольного клуба «Равшан» Куляб
Download Telegram
ФАН-КЛУБИ «ШЕРОНИ КӮЛОБ» БЕҲТАРИН ГУРӮҲИ МУХЛИСОН ДАР СОЛИ 2025 ЭЪТИРОФ ШУД

Дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории озмуни “Беҳтарин мухлиси сол-2025” баргузор гардид.

Дар он дар номинатсияи асосӣ фан клуби “Равшан”-и Кӯлоб бо номи “Шерони Кӯлоб” беҳтарин гурӯҳи мухлисон эътироф шуд.

Ба фан-клуб мукофотпулӣ 40 000 сомонӣ тақдим гардид.

Бояд гуфт, ки соли гузашта дар озмуни мазкур “Шерони Кӯлоб” зинаи дуюмро ишғол карда буд.
👍19❤1
ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН РУСТАМ ЭМОМАЛИРО БО  ЗОДРӮЗАШОН ТАБРИК МЕНАМОЕМ! 

Роҳбарияти бошгоҳи футболи Равшан"и Кӯлоб ситоди мураббиён ва футболбозон раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон  муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати зодрӯзашон табрик менамоянд!

Ба Шумо  дар ин рӯзи фараҳ саломатии бардавом, хушбахтӣ, некӯаҳволӣ  ва дар рушду пешрафти футболи кишвар муваффақиятҳои навро таманно дорем!
@fcravshan
👍10❤1
ДАРВОЗАБОН ҲУСНИДДИНИ МАҲМАДАЛӢ - БОЗИГАРИ НАВИ “РАВШАН”

“Равшан”-и Кӯлоб бо дарвозабони 24-сола Ҳусниддини Маҳмадалӣ шартномаи ҳамкорӣ барои як мавсим ба имзо расонд.

Ҳусниддини Маҳмадалӣ дастпарвари мактаби КМВА буда, мавсими гузашта барандаи медали биринҷии Лигаи олии Тоҷикистон гашт.
🏆12👍3👎2
“Равшан” бо дифоъгари нигериягӣ Чуквуэбука Окоронкво, ки дар нимаи дуюми мавсими гузашта ба даста пайваста буд, шартномаи ҳамкориро барои як мавсими дигар тамдид намуд.

Чуквуэбука муҳофизатгари марказӣ буда, дар чор бозии Лигаи олӣ иштирок намуда, як гол ба самар расонд (ба дарвозаи “Барқчӣ”)
👍23
ИСРОИЛ САИДОВ ДАР “РАВШАН” БОҚӢ МЕМОНАД

Дифоъгари канорӣ Исроил Саидов, ки миенаи мавсими гузашта аз “Барқчӣ” ба “Равшан” ба иҷора омада буд, акнун шартномаи пурра ба имзо расонд.

Шартнома як мавсимро дар бар гирифта, имконияти тамдид барои як мавсими дигар вуҷуд дорад.
👍16❤5
📄 +1 🤝

Шартномаи ҳамкорӣ бо ниммуҳофизатгари 21-солаи сербиягӣ Милош Милованович то соли 2026 тамдид карда шуд.

Милош дар марҳилаи дуюми мавсими сипаришуда ба “Равшан” пайваста, як гол дар Лигаи олӣ ба самар расонд.
👍11👎4❤1
Шартномаи ҳамкорӣ бо ҳамлавари нигериягӣ Олаолува Оҷетунде барои як мавсими дигар тамдид карда шуд.

Дар мавсими нав бозигар бо рақами “10” ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Дар мавсими гузашта Олаолува 8 гол ба самар расонда буд - 7 гол дар Лигаи олӣ ва як гол дар Ҷоми Тоҷикистон
❤17👍3🔥1
МУҲСИН МУҲАМАДИЕВ ДАРГУЗАШТ!
БО АНДУҲИ ЗИЁД ХАБАР МЕДИҲЕМ, КИ ИМРӮЗ ҚАЛБИ УСТУРАИ ФУТБОЛИ ТОҶИК, УСТОДИ ВАРЗИШИ ТОҶИКИСТОН ВА ИТТИҲОДӢ ШУРАВӢ МУҲСИН МУСЛИМОВИЧ МУҲАМАДИЕВ АЗ ТАПИДАН БОЗ МОНД!

Паз аз бемории тулонӣ, имрӯз устураи футболи тоҷик Муҳсин Муҳамадиев дар шаҳри Москва дар синни 60 солагӣ даргузашт!

Роҳбарияти клуби футболи «Равшан"и Кӯлоб » аз даргузашти беҳтарин бозингари асри ХХ дар Тоҷикистон,  собиқ мураббӣ ва ноиби президенти даста захт андуҳгин буда, ба пайвандон ва аҳли оилаи марҳум ҳамдардӣ баён менамоянд!

ЁДАТОН ГИРОМӢ БОД МУҲСИН МУСЛИМОВИЧ!
😭13❤4😢1
ШАРТНОМАИ ҲАМКОРӢ БО САЙЁДИ КОВУСШО ТАМДИД ГАРДИД

Футболбози мазкур миёнаи мавсими гузашта ба дастаи мо пайваста, акнун шартномаи нав барои як мавсими дигар ба имзо расонда шуд.

Ба Сайёд бозиҳои ҷолибу пирӯзиҳоро таманно менамоем!!!
👍15❤1
«РАВШАН» ҶАМЪОМАДҲОИ ТАЪЛИМИЮ ТАМРИНИРО 19–УМИ ЯНВАР ОҒОЗ МЕКУНАД

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб ҷамъомадҳои худро барои мавсими 2026 аз 19-уми январ дар Душанбе оғоз мекунад.

Дар чорчӯбаи марҳилаи аввали омодагиҳо баробари машқҳои тактикию ҷисмонӣ, як зумра бозигарони дохилию хориҷӣ аз санҷиши ситоди мураббиён мегузаранд, ки дар натиҷа қарори бастан ё набастани шартномаҳо бароварда мешавад.

Дар марҳилаи дуюм бошад баргузории бозиҳои рафиқона дар назар аст.
👍11🔥1
Forwarded from ФК КУЛЯБЦЫ
🔥 НОВАЯ СТРАНИЦА. НОВАЯ ЭНЕРГИЯ. НОВАЯ ТРИБУНА. 🔥

К нашей команде КУЛЯБЦЫ присоединился человек, чьё имя хорошо знают футбольные трибуны —
лидер фан-клуба Равшан Диловар Курбонов.

Это человек, который жил футболом и жил ради футбола.
Собрать 15–20 тысяч болельщиков на стадионе — задача не из лёгких, но на протяжении многих лет он доказывал:
когда есть страсть и вера — трибуны молчат ноль минут из девяноста.

Его вклад в развитие футбольной культуры в Кулябе — огромен.
Сегодня эта история получает новое продолжение.

💥 Диловар официально с нами — в КУЛЯБЦЫ.
Новый сезон, новые цели и главное — полные трибуны.
Свою фанатскую деятельность он продолжает в Москве, теперь представляя КУЛЯБЦЫ.

Мы верим:
армия болельщиков станет ещё больше,
поддержка — ещё громче,
а каждый матч — настоящим праздником футбола.

ДОБРО ПОЖАЛОВАТЬ В КУЛЯБЦЫ! 💙💙💙
КУЛЯБЦЫ БА ПЕШ! 💙💙💙
❤6🔥3👍1