FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)
1.45K subscribers
7.74K photos
533 videos
165 links
🇹🇯 Официальный канал футбольного клуба «Равшан» Куляб
Download Telegram
Ифтитоҳи майдончаи варзиши дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб ва раиси вилояти Хатлон

Имруз 25-уми ноябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари кори дар дар маҳалаи Ҳ.Неъматови шаҳри Кӯлоб майдончаи варзишӣ ифтитоҳ намуданд

Дар маросими ифтитоҳ раиси вилоят таъкид намуд ки бунёди майдончаҳои варзишӣ барои тарбия ва рушди саломати ҷавонон аҳамияти калон дорад ва дар оянда низ чунин лоиҳаҳо барои афзун намудани имкониятҳои варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо суръат идома меёбад
❤11
Беҳтарин бозигари мавсимро аз нигоҳи мухлисон дар мавсими 2025 муайян мекунем
👍2
🔝🇹🇯 ГУРӮҲИ МУХЛИСОНИ ДАСТАИ «РАВШАН» ҒОЛИБИ ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН МУХЛИСИ СОЛИ 2025» ДАР ТОҶИКИСТОН ГАРДИД

✅ Гурӯҳи мухлисони дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб – «Шерони Кӯлоб» дар озмуни «Беҳтарин мухлиси соли 2025», ки бо ташаббуси Федератсияи футболи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Лигаи футболи кишвар ташкил шудааст, ғолиб омад. Маблағи умумии ҷоизавии мусобиқа 150 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

🔺 Озмун миёни мухлисони футбол тибқи протоколи ҷаласаи раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Федератсияи футболи мамлакат муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо намояндагони ҷомеаи футболи кишвар, ки моҳи ноябри соли 2023 баргузор шуда буд, ташкил гардид.

🔹 Маросими ҷоизасупорӣ имрӯз, 18 декабр дар шаҳри Душанбе доир шуда, дар он ноибони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев, намояндагони дастаҳо ва гурӯҳҳои мухлисони кишвар ширкат варзиданд.

🇹🇯 Ноиби президенти ФФТ Сайвалӣ Дониёрзода дар маросими ҷоизасупорӣ, афзоиши назарраси таваҷҷуҳи тамошобинонро ба бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон дар соли 2025 ва иштироки фаъолонаи гурӯҳҳои мухлисонро қайд карда, ба ҳаводорони футболи ватанӣ барои дастгирии футболи бошгоҳӣ ва тимҳои миллии кишвар изҳори миннатдорӣ кард.

🔝 Ҷоизаи «Беҳтарин мухлиси соли 2025»-ро гурӯҳи мухлисони дастаи 🇹🇯 «Равшан» – «Шерони Кӯлоб» ба даст оварда, соҳиби 40 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гардид. Ҷойи дуюм аз они гурӯҳи мухлисони 🇹🇯 «Истаравшан» – «Палангони шимол» (30 ҳазор сомонӣ) ва мақоми сеюм аз они мухлисони 🇹🇯 «Вахш»-и Бохтар – «Палангони Водии Вахш» (20 ҳазор сомонӣ) гардиданд.

🔸 Беҳтарин гурӯҳи мухлисон дар байни тимҳои лигаи якум дастаи мухлисони 🇹🇯 «Саройкамар»-и Панҷ – «Бабрҳо» эътироф шуд, ки бо 20 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардид. Ҷоизаи вижа дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ ба мухлисони бошгоҳи 🇹🇯 «Мастчоҳ» – «Шерони шуҷои Мастчоҳ» тақдим карда шуд.

💚 Ҷоизаҳои инфиродиро Манижа Рӯзиева (Панҷакент), Заррина Исмоилзода (Рӯдакӣ), Бахтиёр Собиров (Бохтар) ва Шӯҳрат Шонов, яке аз раҳбарони гурӯҳи мухлисони тими миллии Тоҷикистон соҳиб гардиданд.

🔻 Илова бар ин, мухлисони дастаҳои «Истиқлол», «Хуҷанд», «Регар-ТадАЗ», «Эсхата», «Ҳосилот», «Ҳулбук», «Парвоз», «Сардор», «Моҳир», «Сомон» ва «Шодмон» бо ҷоизаҳои махсус сарфароз шуданд.

#TFL #TajikistanFootballLeague #ЛигаиОли #ВысшаяЛигаТаджикистана
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
👍11❤2