FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)
1.44K subscribers
7.74K photos
533 videos
166 links
🇹🇯 Официальный канал футбольного клуба «Равшан» Куляб
Download Telegram
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО БА ТОҶИКИСТОН БАРМЕГАРДАД!
ДАСТАИ «РАВШАН» ТАМРИНҲОЯШРО ДАР ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗИИ ҶУМҲУРИЯВӢ АЗ РӮИ НАҚША ҲАМАРӮЗА БА РОҲ МОНДА, БА БОЗӢ БО ТИМИ «АЛ-ВАҚРА» ОМОДА МЕШАВАД. 30.09.2024.
❤12👍9
ҶАЛАСАИ ПЕШ АЗ БОЗИИ «РАВШАН» ВА «АЛ-ВАҚРА» БАРГУЗОР ШУД!
ИМРӮЗ ДАР МЕҲМОНХОНАИ “КАНГУРТ” ҶАЛАСАИ ПЕШ АЗ БОЗИИ ДАВРИ ДУЮМИ ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲОИ ОСИЁ-2024/25 МИЁНИ ДАСТАҲОИ «РАВШАН» ВА «АЛ-ВАҚРА» РОҲАНДОЗӢ ШУД.
Ҷаласаи пеш аз бозӣ бо иштироки комиссари бозӣ, нозири доварон, намояндагони дастаҳои «Равшан» ва «Ал-Вақра» ва дигар масъулин масъалаҳои ташкилӣ оид ба бозии аввали хонагии «Равшан» доир гардид.
Футболбозони «Равшан» бо пироҳанҳои сафеду сурх ва дастаи меҳмон «Ал-Вақра» бо либосҳои зарду сабз ба майдон мебароянд.
Тавре иттилоъ дода будем вохӯрии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2024/25 миёни дастаҳои «Равшан»-и Тоҷикистон ва «Ал-Вақра» -и Қатар пагоҳ, 2-юми октябр, дар «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ» баргузор мегардад.
Оғози бозӣ бо вақти Душанбе соати 19:00 оғоз мешавад.
👍15❤2
МАСЪУД НАЗАРЗОДА - САРМУРАБИИ «РАВШАН» ВА ҲИМОЯТГАРИ ДАСТА САМУЕЛ ОФОРИ ПЕШ АЗ БОЗӢ БО ТИМИ «АЛ-ВАКРА» ДАР НИШАСТИ ХАБАРӢ ИШТИРОК НАМУДА БА САВОЛҲОИ ХАБАРНИГОРОН ПОСӮХ ДАДАНД.

👍16