FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)
1.46K subscribers
7.74K photos
533 videos
165 links
🇹🇯 Официальный канал футбольного клуба «Равшан» Куляб
Download Telegram
🏆 ҚУРЪАКАШИИ ҚИСМИ АСОСИИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2025 СОҲИБИ ҶОМИ 1XBet-ТОҶИКИСТОН 🇹🇯

Имрӯз, 22 июли соли 2025, дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе қуръакашии қисми асосии Ҷоми Тоҷикистон-2025 баргузор гардид. Дар натиҷа, 16 дастаи иштирокчӣ рақибони худро дар марҳилаи 1/8 финали мусобиқа шинохтанд.

✅ Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми бошарафи кишвар аз марҳилаи 1/8 финал оғоз мегардад, ки дар он 12 дастаи Лигаи олӣ ва 4 дастаи Лигаи аввал, ки дар марҳилаи пешакӣ ғолиб омаданд, ширкат меварзанд.

🔹 Қуръакаширо собиқ нимҳимоятгари дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон Ҷамшед Исроилзода баргузор намуд.

🔺 Қобили зикр аст, ки имсол ҳар марҳилаи Ҷоми Тоҷикистон аз як бозӣ иборат хоҳад буд. Бозии ниҳоӣ дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.

🏆 1XBet-ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2025
✔️ Марҳилаи 1/8 финал
📆 29, 30, 31 июл (сешанбе, чоршанбе, панҷшанбе)

«Регар-Тадаз»  🆚  «Баркчӣ»
«Парвоз»  🆚  «Ҳулбук»
«Саройкамар» 🆚 «Ваҳдат»
«Равшан» 🆚  «Сардор»
«Эсхата»  🆚  КМВА
«Истаравшан» 🆚 «Ҳосилот»
«Панҷшер» 🆚 «Вахш»
«Хуҷанд» 🆚 «Истиқлол»
👍7❤1
Ташаккур барои бозиҳои ҷолиб, лаҳзаҳои хотирмон ва меҳнати софдилона. Орзумандем дар давоми фаъолияти касбӣ комёбу сарбаланд шавӣ!
Муваффақ бошӣ, Комрон!
🔥12👍6😢2❤1
🔄 Ду бозингари мо, Муҳаммадҷон ва Шаҳриёр, ба таври иҷора ба дастаи «Барқчи» гузаштанд.
👏 Барои заҳмати то имрӯз нишон додаашон ташаккур ва дар сафи дастаи нав барояшон муваффақият мехоҳем!
❤12👍2
🔍 3 бозингар дар баррасии дастаи мо қарор доранд:
📝 Салоҳиддин Эргашев, Сайёди Ковусшо ва Саидов Исроил.
Қарори ниҳоӣ пас аз санҷиши зарурӣ қабул хоҳад шуд.
👍16❤2👏2
Милош Милованович — нимҳимоятгари дифоии ҷавон ва умедбахши серб мебошад, ки аз ин мавсим ба ҳайати дастаи мо пайваст. Бо таҷриба ва ҷиддияти худ, ӯ омода аст дар майдон тамоми қувваро барои муваффақияти даста равона созад. Итминон дорем, ки Милош дар ин мавсим шарафи дастаи моро баланд мебардорад ва саҳми арзанда мегузорад.
👍32🔥3❤2😍1
🏆 ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2025
📍 Даври 1/8 финал
🔴«Равшан» 🆚 «Сардор»
📅 30 июл (Чоршанбе)
🕠 Оғоз – соати 19:00
🏟 Варзишгоҳи “КӮЛОБ АРЕНА"

🎫 Биёед ва «Равшан»-ро дар муборизаи муҳими Ҷоми Тоҷикистон дастгирӣ кунед!
⚔️ Танҳо як қадам то 1/4 финал!
📣 Ҳузури шумо нерӯ мебахшад!
👏23👍8🔥3❤2
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб омодагии худро барои Ҷоми Тоҷикистон-2025 бо ҷидду ҷаҳд идома дода истодааст.

Ёдовар мешавем, ки дастаи «Равшан» санаи 30-юми июл дар доираи марҳилаи 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон-2025 бо дастаи «Сардор» рақобат мекунад. Бозӣ соати 19:00 дар варзишгоҳи «Кӯлоб-Арена» баргузор мегардад.
❤22👍5🔥1👏1
🚨 САЛОҲИДДИН ЭРГАШЕВ — БОЗИГАРИ НАВИ ДАСТАИ МО!

Бо хушнудӣ эълон мекунем, ки нимҳимоятгари ҷавон ва умедбахши тоҷик Салоҳиддин Эргашев ба дастаи мо ҳамроҳ шуд!

🔹 Бозигари 21-сола таҷрибаи бозӣ дар ҳайати «Истиқлол», «Вахш» ва дастаҳои миллии U-20 ва U-23-и Тоҷикистонро дорад.

Мо бовар дорем, ки Салоҳиддин Эргашев бо маҳорату ҷонфидоии худ шарафи дастаи моро дар мавсими ҷорӣ баланд мебардорад.


Хуш омадӣ, Салоҳиддин! 🙌
👏16👍9❤3👎1💯1
🚨САЙЁДИ КОВУСШО – БОЗИГАРИ НАВИ ДАСТАИ МО!

Мо бо хушнудӣ эълон менамоем, ки Сайёди Ковусшо, ҳимоятгари пуртаҷрибаи тоҷик, расман ба дастаи мо ҳамроҳ шуд!

🔹 Бозигари 30-сола, ки дар чандин дастаи Лигаи Олӣ, аз ҷумла «Эсхата» ва ЦСКА Душанбе, бозӣ кардааст, таҷрибаи ғанӣ ва маҳорати баланд дорад. Ӯ метавонад дар чанд мавқеъ — ҳам ҳимоят ва ҳам нимҳимоят — бозӣ намояд.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки Сайёди Ковусшо ба хатти дифоии даста устуворӣ ва таҷрибаи нав мебахшад.

Хуш омадӣ ба хонаводаи мо, Сайёди Ковусшо! 🔴⚪
👏12👎6❤4👍2
🚨Саидисроил Саидов – бозигари нави дастаи мо!

Пас аз намоиши хуб дар ҳайати «Барқчӣ» ва таҷрибаи бозӣ дар дастаҳои ҷавонони кишвар, Саидисроил Саидов акнун қисми дастаи мост.

Саидисроил бо сабки бозии фаъол, ҳаракатҳои зирак ва иродаи қавии худ тавонист худро ҳамчун бозигари арзанда муаррифӣ кунад. Мо бовар дорем, ки ин пайвастан оғози як марҳилаи нави дурахшон ҳам барои ӯ ва ҳам барои даста хоҳад шуд.

🚨 Нерӯи тоза ба ҳайати мо омад. Пеш ба сӯи ғалабаҳо, Саидисроил!
👏15👍11❤7🔥1
🚨ҶАМШЕД МУРОДОВ ТО ОХИРИ МАВСИМ БА ДАСТАИ МО БА ШАКЛИ ИҶОРАВӢ ПАЙВАСТ

Ҷамшед Муродов, ки мавсими гузашта дар ҳайати дастаи мо ҳунарнамоӣ карда, дар ҷамъомади зимистона низ ширкат дошт, пас аз 6-моҳ дубора аз дастаи «Ҳулбук» ба ҳайати мо пайваст. Ӯ то охири мавсим ба таври иҷоравӣ дастаи моро намояндагӣ хоҳад кард.
👍12❤5🏆2
🔴⚪️ ХУШ ОМАДӢ, ЧУКВУБУКА ОКОРОНКВО!

Муҳофизи марказии 23-солаи нигериягӣ Чуквубука Окоронкво ба дастаи мо пайваст! 🙌

🎯 Ба ӯ дар ҳайати даста барори кор мехоҳем!
👍24❤6👏3😭1
#𝐌𝐀𝐓𝐂𝐇𝐃𝐀𝐘 🔥
🏆 Ҷоми Тоҷикистон |2025
📌Марҳилаи ⅛ ниҳоӣ
⚽️ «РАВШАН» 🆚 «САРДОР»
🏟️ КӮЛОБ / Варзишгоҳи "KULOB ARENA"
📆 30.07.2025
⏰ 19:00
❤19👍6🔥2
ҲАЙАТИ ДАСТАИ МО МУҚОБИЛИ ДАСТАИ "САРДОР"
❤16👍3
МАРҲИЛАИ ⅛-ро ҶАМЪБАСТ НАМУДА БА МАРҲИЛАИ ¼ МЕРАВЕМ🙌🏻
👍40❤4👏2
🏆 ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2025
📍 Даври 1/4 финал
🔴 «Сарой-Камар» 🆚 «Равшан»
📅 05 август (Сешанбе)
🕠 Оғоз – соати 16:45
🏟 Варзишгоҳи ноҳияи ПАНҶ

🚍 Мо дар сафарем!
Дар ноҳияи Панҷ бозии муҳим пешорӯи мост.
Мо барои роҳ ёфтан ба нимфинали Ҷоми Тоҷикистон мубориза мебарем!
Ҳама якҷо, бо ирода ва дастгирии шумо, сӯи пирӯзӣ!
🏆21👍4❤3👌2
🏆 Иштирокчиёни Ҷоми Тоҷикистон-2025 баъд аз даври 1/8 ниҳоӣ!

🗓 Бозиҳои даври 1/4 ниҳоӣ 5-ум ва 6-уми август баргузор мешаванд.

«Сарой-Камар» 🆚 «Равшан»
«Эсхата» 🆚 «Истаравшан»
«Регар-ТадАЗ» 🆚 «Ҳулбук»
«Вахш» 🆚 «Истиқлол»

📸 Лигаи футболи Тоҷикистон
🏆11👍4❤1🔥1
Ба дастаи Кӯлобиҳо барору муввафаққият хоҳонем дар кубок AFL fest дар шахри Маскав
@fc_kulyabsy 👏🏆
👍31👏6❤1🏆1
#𝐌𝐀𝐓𝐂𝐇𝐃𝐀𝐘 🔥
🏆 Ҷоми Тоҷикистон |2025
📌Марҳилаи ¼ ниҳоӣ
⚽️ «САРОЙ-КАМАР» 🆚 «РАВШАН»
🏟️ Панҷ / Варзишгоҳи ноҳия
📆 05.08.2025
⏰ 16:4
5
❤28👍2