Китобхонаи миллӣ | Национальная библиотека
2.21K subscribers
413 photos
3 videos
242 links
Национальная библиотека
Download Telegram
✍️ИБРОҲИМ ПИРМУҲАММАДЗОДА. “ШОҲКОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛАТ” ✅Ин китоб бо сарсухани номзади илмҳои сиёсӣ Асадулло Раҳмон соли 2021 дар нашриёти “Эр-граф” чоп шудааст. Ва чун китоб ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бахшида шуда буд, муаллиф ҳам талош кардааст сари 30 шоҳкори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ кунад. Тасмим гирифтем бахшҳое аз ин китоби хубро мунташир кунем. 📚Хоҳишмандони китоби “ШОҲКОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛАТ”-ро метавонанд аз Китобхонаи миллӣ бихонанд.
👍2❤1👏1
✍️Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» ✅Китоб ба шинохти амиқтари таърихи тамаддун, ҷойгоҳи тоҷикон дар ташаккули фарҳанги минтақа ва арзишҳои таърихию маънавии миллати тоҷик равона шуда, муаллиф бо такя ба маводи таърихӣ, маъхазҳои илмӣ, санадҳо ва далелҳои марбут ба давраҳои гуногуни таърихи тамаддуни ориёӣ масъалаҳои муҳими таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавиро мавриди таҳлил қарор додааст.
📚Хоҳишмандони китоби Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» -ро метавонанд аз Китобхонаи миллӣ бихонанд.
👍2👏2
✍️Хайруллоҳи Раҳим: “Ҳиссаҳо аз қиссаҳо” ✅Ин китоб соли 2024 чоп шудаву дар навиштаҳои омӯзгори соҳибтаҷриба, рӯзноманигори шинохта Хайруллоҳи Раҳим гирдоварӣ шудааст. Адабиётшинос, дотсенти кафедраи забон ва адабиёти Донишгоҳи омӯзгории ш. Душанбе ба номи Садриддин Айнӣ Мирзоалӣ Исматуллоев дар сарсуханаш ба китоб навиштааст: 📚Хоҳишмандони китоби Хайруллоҳи Раҳим: “Ҳиссаҳо аз қиссаҳо” -ро метавонанд аз Китобхонаи миллӣ бихонанд.
👍1👏1
✍️Эмомалӣ Раҳмон: “Зиёиён-неру ва ҷавҳари зеҳнии миллат” ✅Дар маҷмуаи мазкур суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни вохӯрӣ бо зиёиёни мамлакат ироа гардидаанд, гирдоварӣ шудааст. Андешаҳои Пешвои миллат ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти зиёиён ва нақши пешбарандаи онҳоро дар ташкили фазои сиёсӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоие, ки барои тавлиду густариши як мафкураи муттаҳидсозанда хеле муҳим мебошанд, фароҳам омадааст. 📚Хоҳишмандони китоби Эмомалӣ Раҳмон: “Зиёиён-неру ва ҷавҳари зеҳнии миллат” -ро метавонанд аз Китобхонаи миллӣ бихонанд.
❤1👍1
✍️ Ҷумъаназар Эшонқулов: Рўзгор ва осори ҳайрати Бухороӣ
✅
Муҳаммадсидиқ Ҳайрати Бухороӣ аз шоирони маъруфи адабиёти охири асри XIX ва аввали асри XX ба шумор рафта, дар ривоҷ ва густаришу шеъру адаби тоҷик саҳми назаррас дорад. Агарчи муҳаққикони зиёди ватанию хориҷӣ ба таҳқиқи адабиёти охири асри XIX ва аввали асри XX пардохтаанд, ҳанўз рўзгор ва осори Муҳаммадсиддиқ Ҳайрати Бухороӣ ба таври алоҳида ва шоиста омўхта нашудааст. 📚Хонандагон китоби Ҷумъаназар Эшонқулов: Рўзгор ва осори ҳайрати Бухороӣ-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
👍3❤1
✍️ Зоирзода Холмурод Сафаралӣ: Вижагиҳои забонии вомвожаҳои осори насрии Ҳусайн Воизи Кошифӣ
✅Рисолаи мазкур, ки ба тозагӣ чоп шудааст, ба таҳқиқи вомвожаҳои осори насрии Ҳусейн Воизи Кошифӣ, намояндаи адабиёти охири қарнҳои ХV ва ибтидои ХVI мебошад, бахшида шудааст
. 📚Хонандагон китоби Зоирзода Холмурод Сафаралӣ: Вижагиҳои забонии вомвожаҳои осори насрии Ҳусайн Воизи Кошифӣ-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
❤2👍2
✍️ Аламхон Кўчарзода: «Матншиносӣ»
✅Ин китоб ба тозагӣ чоп шуда ва нусхаҳое аз он ба Китобхонаи миллӣ ҳам расидааст. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ буда, бори аввал чоп мешавад. Сарсухани китобро пурра меорем. 📚Хонандагон китоби Аламхон Кўчарзода: «Матншиносӣ»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
👍2❤1
✍️ Сафар «Манам фарзанди Истиқлол»
✅Манам фарзанди истиқлол» маҷмуаи нави шеърҳои шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Сафар Абдураҳим аст. Китоб ба ифтихори Ҷашни миллии 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, 35-солагии муаллиф ва 100- солагии таъсисёбии ноҳияи Ашт чоп мешавад.. 📚Хонандагон китоби Сафар «Манам фарзанди Истиқлол» -ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
👍4
✍️ «Таъмини сармоягузориҳои рушди саноаткунонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Монография)
✅Дар монография, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чоп кардааст, ҷанбаҳои назариявии сармоягузориҳо дар хоҷагиҳо ва корхонаҳои комплекси агросаноатӣдар шароити бозор, хусусиятҳо принсипҳо ва омилҳои ба рушди сармоягузориҳо дар хоҷагиҳо ва корхонаҳои комплекси агросаноатии (КАС) таъсирбахш, усулҳои арзёбии самараноки иқтисодии истифодаи сармоягузориҳо ба сармояи асосии хоҷагиҳо ва корхонаҳои коммплекси агросаноатӣ мавриди омўзиш қарор гирифта, тамоюлҳои рушди сармоягузориҳо дар хоҷагиҳо ва корхонаҳои ҷумҳурӣ ва минтақаи Хатлон, ҳолат ва тамоюлҳои рушди равандҳои сармоягузорӣ дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ, буриши минтақаҳо ва соҳаҳои он, ҳолати таъмини сармоягузориҳо дар истеҳсолоти агросаноатии вилояти Хатлон, таъмин ва истифодаи самараноки сармоягузориҳо дар хоҷагиҳою корхонаҳои КАС –и минтақаи Кўлоб арзёбӣ гардидаанд. 📚 Хонандагон метавонанд аз Китобхонаи миллӣ бихонанд.
👍2❤1
✍️ Аълохон Афсаҳзод: “Камоли Хуҷандӣ – устоди ғазал”
✅Ин китоб соли 2005 дар шаҳри Душанбе чоп шудааст ва тавре аз номаш ҳам пайдост аз рӯзгору осор ва бахусус чигунагии ғазалиёти адиби маъруф ва яке аз бузургтарин ғазалсароёни адабиёти форсу тоҷик Камоли Хуҷандӣ ҳикоят мекунад. 📚Хонандагон китоби Аълохон Афсаҳзод: “Камоли Хуҷандӣ – устоди ғазал”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
👍3❤1
✍️ «Факултети таъхрих ва ҳуқуқ дар масири 95 сол»
✅Ин китоб ба тозагӣ мунташир шудааст ва таҳиягаронаш гуфтаннд, ки онро ба истиқболи 35-умин солгради Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 95-умин солгарди таъсис факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшидаанд. 📚Хонандагон китоби «Факултети таъхрих ва ҳуқуқ дар масири 95 сол»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
👍2❤1