✍️ ХУШОМАДИ АЛИДОД : «СУУДИ КӮҲ”
✅ “Сууди кӯҳ” маҷмуаи чаҳоруми шоир , узви ИНТ дар Бадахшон Хушомади Алидод аст, ки аз мавзуъҳои гуногуни зиндагӣ, ватан, манзараҳои табиати зебои куҳистон, ишқ ҷавонӣ ва ғайра иборат буда, бо диду эҳсоси нозуки шоирона эҷод шудаанд. 📚Хоҳишмандон китоби Хушомади Алидод «Сууди кӯҳ»-ро метавонанд аз Китобхонаи миллӣ бихонанд.

❤1👍1
✍️ Ф. Старр "Нобиғагони даврони хеш: Ибни Сино ва Берунӣ”
📌 Китобе, ки хонандаи мӯҳтарам бо унвони “Нобиғагони даврони хеш: Ибни Сино ва Берунӣ” (The Genius of Their Age: Ibn Sina, Beruni and the Lost Enlightment) дар даст дорад, ба қалами муаррих ва фарҳангшиноси маъруфи америкоӣ Стивен Фредерик Старр тааллуқ дорад. Ин китоби дуюми доктор Ф. Старр мебошад, ки бо забони тоҷикӣ тарҷума шудааст. Китоби аввал таҳти унвони “Маърифати гумшуда. Асри тиллоии Осиёи Марказӣ аз истилои араб то Темурланг” (Lost Enlightment. Central Asia s Golden age From the Arab Conquest to Tamerlane) ҳанӯз соли 2016 тарҷума шуда се маротиба (солҳои 2016, 2017 ва 2023) бо теъдоди калон интишор шудааст.
📚 Хонандагон ҳоло имкон доранд бо китоби "Нобиғагони даврони хеш: Ибни Сино ва Берунӣ"
дар Китобхонаи миллӣ ошно шаванд.

👍5❤4
✍ Абутоҳири Тарсусӣ: “Доробнома” ✅Ҷилди аввали асари Абутоҳири Тарсусӣ “Доробнома”, ки аз куҳантарин достонҳои омиёнаи тоҷикии форсӣ маҳсуб меёбад, соли ҷорӣ дар таҳия ва пешгуфтори Рухшона Қурбонзода ва Фурӯғ Тоҷиева чоп шудааст. 📚Хоҳишмандони китоби “Доробнома”-ро дар Китобхонаи миллӣ метавонанд мутолиа кунанд.
❤2👍2
✍“Эмомалӣ Раҳмон: абармардии сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат” ✅ Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маводди Конфронси байналмилалии “Эмомалӣ Раҳмон: абармардии сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат”-ро, ки 12-уми августи соли равон баргузор шуда буд, дар шакли китоби алоҳида чоп кард. Мураттиби китоб Шариф Комилзода буда, он зери назари профессор Лутфия Абдулхолиқзода нашр шудааст. 📚 Хонандагон ҳоло имкон доранд бо китоби “Эмомалӣ Раҳмон: абармардии сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат”
дар Китобхонаи миллӣ ошно шаванд.
дар Китобхонаи миллӣ ошно шаванд.
❤2👍2
✍️ Рамазон Раҳимзода Рамазон: “Афғонистон: воқеият ва таҳлилҳо” ✅ Дар монографияи мазкур, ки соли 2022 дар шакли китоб чоп шудааст, вазъи сиёсии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар заминаи ихтилофу зиддиятҳо ва низоу муноқишаҳои қавмию мазҳабӣ, ҳамзамон сиёсати давлатҳои абарқудрат, ки дар ин минтақа ҳузури худро таъмин кардан мехоҳанд, мавриди таҳлил ва тадқиқ қарор гирифтааст. Муаллиф таҳқиқоти худро барои муҳаққиқон, докторантон, аспирантон, унвонҷўён ва умуман доираи васеи хонандагон тавсия кардааст. 📚 Хонандагон ҳоло имкон доранд бо китоби Рамазон Раҳимзода Рамазон: “Афғонистон: воқеият ва таҳлилҳо” дар Китобхонаи миллӣ ошно шаванд.
👍2👏1
✍️ БАҲРОМ РАҲМАТОВ: “БИСТ МАҚОЛА”
✅ Китоби Баҳром Раҳматов “Бист мақола”, ки куллан ба мавзуи камолшиносӣ бахшида шудааст, соли 2023 дар нашриёти “Нодир”-и шаҳри Хуҷанд рӯи чоп омадааст. Мақолаҳои шомили ин китоб асосан ба панҷ самти таҳқиқ равона шуда, аз баррасии рӯзгор сар карда, то масоили шинохти ҷаҳони андешаи шоир, баъзе вижагиҳои поэтикаи шеър, масъалаҳои матншиносӣ ва шарҳнигориро фаро мегирад. 📚Шумо китоби мазкурро аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастрас ва мутолеа карда метавонед.

👍3❤1
✍️ Манонзода Абубакр Манон “Достони “Рамаяна” ва тарҷумаҳои форсии тоҷикии он"
✅ Таҳқиқу баррасии равобити адабиёти форсии тоҷикӣ бо осори адабии халқҳои гуногуни олам дар адабиётшиносии тоҷик пешинаи назаррасе дорад. Пажӯҳишҳо дар ин самт дар даврони истиқлоли давлатӣ густариши бештар пайдо карда, дар замина корҳои таҳқиқии ҷолиб ва монданӣ нигошта шудаанд. Роҷеъ ба робитаҳо ва таҳқиқи адабиёти форсии шибҳи қорраи Ҳинд пажӯҳиш ва таҳқиқоти арзишманде дар адабиётшиносии тоҷик ба вуҷуд омадаст. Бо он ҳама таҳқиқу омӯзиш дар ин самт паҳлуҳо ва гӯшаҳои ноомӯхта ва ба таҳқиқ нарасида низ ҳастанд, ки интизори муҳақиқону пажӯҳишгарон мебошанд. 📚Хоҳишмандон китоби Манонзода Абубакр Манон “Достони “Рамаяна” ва ҷумаҳои форсии тоҷикии он"
метавонанд аз Китобхонаи миллӣ бихонанд.

👍3👏1
✍️Муҳибуллоҳ Қурбон: “Ҳаёти ибратбахш" ✅Ин китоб ҳикоятҳост аз ҳаёти ибратбахши чекист, дипломат Аҳмадxон Сатторов, ки дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои хориҷӣ зиёда аз шаст сол фаъолияти пурмасъулият, пурсамар ва пурбаракат намуда, барои мустаҳакам гардидани амният ва пешрафти сиёсати хориҷии кишвар саҳм гузоштааст. 📚Хоҳишмандони китоби “Ҳаёти ибратбахш” метавонанд аз Китобхонаи миллӣ бихонанд.
👍3👏1
✍️ С. ФРЕДЕРИК СТАРР: “МАЪРИФАТИ ГУМШУДА”
✅ Китоби олими шинохтаи амрикоӣ Фредерик Старр “Маърифати гумшуда” бо сарсухани хеле ҷолиби донишмандони маъруфи кишвар Мамадшо Илолов ва Акбар Турсунов соли 2018 чоп шуда буд. Онро аз англисӣ доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдусалом Мамадназаров тарҷума кардааст. Яъне, асар мустақим аз забони асл ба тоҷикӣ баргардон шудааст. 📚Хонандагон китоби С. Фредерик Старр «Маърифати гумшуда»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

👍3👏2❤1
✍️ИБРОҲИМ ПИРМУҲАММАДЗОДА. “ШОҲКОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛАТ” ✅Ин китоб бо сарсухани номзади илмҳои сиёсӣ Асадулло Раҳмон соли 2021 дар нашриёти “Эр-граф” чоп шудааст. Ва чун китоб ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бахшида шуда буд, муаллиф ҳам талош кардааст сари 30 шоҳкори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ кунад. Тасмим гирифтем бахшҳое аз ин китоби хубро мунташир кунем. 📚Хоҳишмандони китоби “ШОҲКОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛАТ”-ро метавонанд аз Китобхонаи миллӣ бихонанд.
👍2❤1👏1
✍️Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» ✅Китоб ба шинохти амиқтари таърихи тамаддун, ҷойгоҳи тоҷикон дар ташаккули фарҳанги минтақа ва арзишҳои таърихию маънавии миллати тоҷик равона шуда, муаллиф бо такя ба маводи таърихӣ, маъхазҳои илмӣ, санадҳо ва далелҳои марбут ба давраҳои гуногуни таърихи тамаддуни ориёӣ масъалаҳои муҳими таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавиро мавриди таҳлил қарор додааст.
📚Хоҳишмандони китоби Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» -ро метавонанд аз Китобхонаи миллӣ бихонанд.

👍2👏2
✍️Хайруллоҳи Раҳим: “Ҳиссаҳо аз қиссаҳо” ✅Ин китоб соли 2024 чоп шудаву дар навиштаҳои омӯзгори соҳибтаҷриба, рӯзноманигори шинохта Хайруллоҳи Раҳим гирдоварӣ шудааст. Адабиётшинос, дотсенти кафедраи забон ва адабиёти Донишгоҳи омӯзгории ш. Душанбе ба номи Садриддин Айнӣ Мирзоалӣ Исматуллоев дар сарсуханаш ба китоб навиштааст: 📚Хоҳишмандони китоби Хайруллоҳи Раҳим: “Ҳиссаҳо аз қиссаҳо” -ро метавонанд аз Китобхонаи миллӣ бихонанд.
👍1👏1
✍️Эмомалӣ Раҳмон: “Зиёиён-неру ва ҷавҳари зеҳнии миллат” ✅Дар маҷмуаи мазкур суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни вохӯрӣ бо зиёиёни мамлакат ироа гардидаанд, гирдоварӣ шудааст. Андешаҳои Пешвои миллат ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти зиёиён ва нақши пешбарандаи онҳоро дар ташкили фазои сиёсӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоие, ки барои тавлиду густариши як мафкураи муттаҳидсозанда хеле муҳим мебошанд, фароҳам омадааст. 📚Хоҳишмандони китоби Эмомалӣ Раҳмон: “Зиёиён-неру ва ҷавҳари зеҳнии миллат” -ро метавонанд аз Китобхонаи миллӣ бихонанд.
❤1👍1
✍️ Ҷумъаназар Эшонқулов: Рўзгор ва осори ҳайрати Бухороӣ
✅ Муҳаммадсидиқ Ҳайрати Бухороӣ аз шоирони маъруфи адабиёти охири асри XIX ва аввали асри XX ба шумор рафта, дар ривоҷ ва густаришу шеъру адаби тоҷик саҳми назаррас дорад. Агарчи муҳаққикони зиёди ватанию хориҷӣ ба таҳқиқи адабиёти охири асри XIX ва аввали асри XX пардохтаанд, ҳанўз рўзгор ва осори Муҳаммадсиддиқ Ҳайрати Бухороӣ ба таври алоҳида ва шоиста омўхта нашудааст. 📚Хонандагон китоби Ҷумъаназар Эшонқулов: Рўзгор ва осори ҳайрати Бухороӣ-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

✍️ Зоирзода Холмурод Сафаралӣ: Вижагиҳои забонии вомвожаҳои осори насрии Ҳусайн Воизи Кошифӣ
✅Рисолаи мазкур, ки ба тозагӣ чоп шудааст, ба таҳқиқи вомвожаҳои осори насрии Ҳусейн Воизи Кошифӣ, намояндаи адабиёти охири қарнҳои ХV ва ибтидои ХVI мебошад, бахшида шудааст. 📚Хонандагон китоби Зоирзода Холмурод Сафаралӣ: Вижагиҳои забонии вомвожаҳои осори насрии Ҳусайн Воизи Кошифӣ-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

✍️ Аламхон Кўчарзода: «Матншиносӣ»
✅Ин китоб ба тозагӣ чоп шуда ва нусхаҳое аз он ба Китобхонаи миллӣ ҳам расидааст. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ буда, бори аввал чоп мешавад. Сарсухани китобро пурра меорем. 📚Хонандагон китоби Аламхон Кўчарзода: «Матншиносӣ»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

👍2❤1
✍️ Сафар «Манам фарзанди Истиқлол»
✅Манам фарзанди истиқлол» маҷмуаи нави шеърҳои шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Сафар Абдураҳим аст. Китоб ба ифтихори Ҷашни миллии 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, 35-солагии муаллиф ва 100- солагии таъсисёбии ноҳияи Ашт чоп мешавад.. 📚Хонандагон китоби Сафар «Манам фарзанди Истиқлол» -ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

👍4
✍️ «Таъмини сармоягузориҳои рушди саноаткунонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Монография)
✅Дар монография, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чоп кардааст, ҷанбаҳои назариявии сармоягузориҳо дар хоҷагиҳо ва корхонаҳои комплекси агросаноатӣдар шароити бозор, хусусиятҳо принсипҳо ва омилҳои ба рушди сармоягузориҳо дар хоҷагиҳо ва корхонаҳои комплекси агросаноатии (КАС) таъсирбахш, усулҳои арзёбии самараноки иқтисодии истифодаи сармоягузориҳо ба сармояи асосии хоҷагиҳо ва корхонаҳои коммплекси агросаноатӣ мавриди омўзиш қарор гирифта, тамоюлҳои рушди сармоягузориҳо дар хоҷагиҳо ва корхонаҳои ҷумҳурӣ ва минтақаи Хатлон, ҳолат ва тамоюлҳои рушди равандҳои сармоягузорӣ дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ, буриши минтақаҳо ва соҳаҳои он, ҳолати таъмини сармоягузориҳо дар истеҳсолоти агросаноатии вилояти Хатлон, таъмин ва истифодаи самараноки сармоягузориҳо дар хоҷагиҳою корхонаҳои КАС –и минтақаи Кўлоб арзёбӣ гардидаанд. 📚 Хонандагон метавонанд аз Китобхонаи миллӣ бихонанд.

✍️ Аълохон Афсаҳзод: “Камоли Хуҷандӣ – устоди ғазал”
✅Ин китоб соли 2005 дар шаҳри Душанбе чоп шудааст ва тавре аз номаш ҳам пайдост аз рӯзгору осор ва бахусус чигунагии ғазалиёти адиби маъруф ва яке аз бузургтарин ғазалсароёни адабиёти форсу тоҷик Камоли Хуҷандӣ ҳикоят мекунад. 📚Хонандагон китоби Аълохон Афсаҳзод: “Камоли Хуҷандӣ – устоди ғазал”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

✍️ «Факултети таъхрих ва ҳуқуқ дар масири 95 сол»
✅Ин китоб ба тозагӣ мунташир шудааст ва таҳиягаронаш гуфтаннд, ки онро ба истиқболи 35-умин солгради Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 95-умин солгарди таъсис факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшидаанд. 📚Хонандагон китоби «Факултети таъхрих ва ҳуқуқ дар масири 95 сол»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.