Китобхонаи миллӣ | Национальная библиотека
2.2K subscribers
414 photos
3 videos
242 links
Национальная библиотека
Download Telegram
Биомӯзед ва бихонед. Китобҳои ҷиддиро мутолиа кунед. Дигараш худ ба худ рӯ ба роҳ мешавад.

Федор Достоевский
👍4❤1
✍ Н.Мирзоев ва А.Шарифов. “Асосҳои дипломатия”

📌 "Асосҳои дипломатия" як
китоби дарсӣ буда, барои донишҷуёни ихтисосҳои «муносибатҳои байналхалқӣ», «сиёсатшиносӣ» ва ғайра пешбинӣ шудааст. Донишҷуён тавассути он дар бораи асосҳои дипломатия, таърихи ташаккул ва таҳаввули он, ҷанбаҳои асосии фаъолияти дипломатӣ, нақши ташрифот ва маросим, сифатҳои шахсии дипломат ва тамоюлоти навин дар дипломатияи муосир маълумоти аввалия пайдо карда метавонанд.

✅ Бо дарёфти истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қадамҳои устувор ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид гардид. Дипломатияи тоҷик дар даврони истиқлол мазмун ва муҳтавои тоза касб намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.

📚Хоҳишмандон китоби “Асосҳои дипломатия”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
👍3❤1
✍ "Нури хирад дар масири таърих"

✅ Ки
тоби "Нури хирад дар масири таърих. Маҷмуаи мақолаҳо ва хотираҳо» дар натиҷаи пажӯҳишҳои илмии Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашр гардид. Ин иқдом дар ҷараёни омодасозии дастури библиографии "Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ Қурбонзода: китобномаи шарҳиҳолӣ" роҳандозӣ шуда, ба гиромидошти мероси илмӣ ва арҷгузорӣ ба корномаи пурмаҳсули муаррихи маъруф, энсиклопедист ва яке аз поягузорони мактаби шарқшиносии муосири тоҷик – устод Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ бахшида шудааст.

📚 Китоби «Нури хирад дар масири таърих» арҷгузориест ба заҳматҳои шабонарӯзии донишманди фидоӣ – устод Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ. Муҳаққиқону ҳаводорони илм метавонанд барои ошноӣ бо рӯзгор ва корномаи устод аз ин маҷмуа дар толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ ба таври васеъ баҳрабардорӣ намоянд.
👍3
✍ Сайнаков С.П., Комилбек А.Ё., Воҳидов Н.Ҳ. “Таърихи муносибатҳои байналхалқӣ”

✅ Китоби мазкур таърихи муносибатҳои байналхалқиро аз давраи қадим то ташаккулёбии системаи Версал-Вашингтон мавриди барарсӣ қарор додааст. Дар он давраҳои асосии таърихи рушди муносиботи қавму қабилавӣ, минтақавӣ, байниминтақавӣ, байнидавлатӣ ва байнахалқӣ, фаъолияти сиёсию дипломатии шахсиятҳои намоён ва мазмуни назарияҳои, консепсияҳои асосии муносиботи байнахалқии то оғози давраи навтарини таърих инъикос ёфтааст.

📌 Китоб барои омӯзгорону донишҷӯён, докторантону аспирантони шуъбаҳо ва факултетҳои муносибатҳои байнахалқии мактабҳои олӣ, мутахассисони соҳаи равобити байнахалқӣ ва доираи васеи шавқмандони таърихи муносибатҳои байнахалқӣ пешбинӣ шудааст.

📚 Хоҳишмадон китоби “Таърихи муносибатҳои байналхалқӣ”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
👍2
✍ А. П. Шишов . "Таджики. Этнографическое и антропологическое исследование”

✅ Китоби "Таджики. Этнографическое и антропологическое исследование” ба омӯзиши ҳаёти таърихӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва этнографии тоҷикон бахшида шудааст.

📌 Александр Шишов тадқиқоти худро дар бораи этнография ва антропология (инсоншиносӣ) дар давраи Ҳукумати Шȳравӣ идома дод. Китоб ба забони русӣ таълиф гардида, дар замони худ як тадқиқоти муфассал оид ба ҳаёти тоҷикон ба шумор мерафт. Асар ба даврае тааллуқ дорад, ки омӯзиши этнографии халқҳои Осиёи Марказӣ дар доираи илмӣ таваҷҷуҳи бештар пайдо мекард. Аз ин рӯ, он имрӯз низ ҳамчун сарчашмаи муҳим барои омӯзиши таърихи этнография ва фарҳанги тоҷикон аҳамияти худро нигоҳ доштааст.

📚 Китоб дар шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллӣ маҳфуз мебошад. Ҳузури ҳамзамони нусхаи аслӣ ва тарҷумаи тоҷикии он имконияти хуберо фароҳам меорад, ки хонандагон онро дар шакли аслӣ ва тарҷумашуда мутолиа намоянд.
✍ "Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик"

📌
Китоб ба фаъолияти пурсамар ва беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст.

✅ Оғози фаъолияти ин сиёсатмадори ҷаҳонӣ ҳамчун Сардори давлат аз Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, он таърихи пурғановати мардуми сарбаланди кишварро, ки бунёдкориву созандагӣ асоси зиндагии онҳост инъикос менамояд. Мақолаҳои донишмандони маъруфи ватаниву хориҷӣифодагари корнамоиҳои беназири Пешвои муаззами миллат дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии мардуми Тоҷикистон мебошад.

📚Хоҳишмандон китоби "Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик"-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ дарёфт ва мутолиа кунанд.
❤1
✍ "Луғати лотинӣ-русӣ-тоҷикии истилоҳоти тиббӣ"

✅ Му
раттиби ин китоб омӯзгори забони лотинии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, номзади илмҳои филологӣ Ҳадиса Сангова буда, бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде пештар рӯи чоп омадааст.

📌 Забони лотинӣ-забони истилоҳоти байналмилалӣ ва забони касбии табибон маҳбус меёбад. Аз ин рӯ, дар аксарияти забонҳои дунё истилоҳот аз забони лотинӣ ва юнонӣ бидуни тарҷума қабул ва корбурд мешаванд. Инро мо дар истилоҳоти соҳаи тиб низ мушоҳида менамоем.Ин луғат ба донишҷӯёни соҳаи тибб, биология ва ҳамаи шахсоне, ки ба тибб алоқаманданд муфид хоҳад буд.

📚 Китоби мазкурро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.
👍1
✍ Муродова Гавҳар Сафарова. "80 – соли боргоҳи санъат ва маърифат"

✅ Ки
тоби "80 – соли боргоҳи санъат ва маърифат" ба 80-солагии фаъолияти Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов бахшида шуда, ба тозагӣ аз чоп баромадааст.

📌 Маҷмуаи мазкур барои қишрҳои гуногуни ҷомеа, ҳаводорони фарҳанги мусиқӣ, хусусан насли наврасе, ки дар оянда ҳаёти худро ба ин соҳа пайваст менамоянд, хидмат намуда, хамзамон барои кулли омӯзгорон, донишҷӯён, илмомӯзон, тадқиқотчиён ҳамчун маводи иттилоотӣ ёрирасон гардида, фазои фарҳангии кишварро то андозае ғанӣ мегардонад.

📚 Хонандагон китоби Муродова Гавҳар Сафаровна «80-соли боргоҳи санъат ва маърифат»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
✍ Шодӣ Раҷабзод. “Дасти боло”

✅
Ҳи
кояҳои маҷмуаи “Дасти боло”-и Шодӣ Раҷабзод мазмуну муҳтавои рангину муассир ва хотирмон доранд. Ин ҳикояҳо мавзуъҳои гуногунро фаро мегиранд, вале мавзуъҳои ҷовидониву ифтихории адабиёт – ватандориву ватандӯстӣ, одаму одамгарӣ, некиву накукорӣ ва тарғиби хисоли ҳамида дар меҳвари онҳо қарор гирифтаанд.

📚 Хонандагон имкон доранд китоби Шодӣ Раҷабзод “Дасти боло”-ро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
✍ Иоҳан Гёте. "ФАУСТ"

📌 Ин нусхаи аслии «Фауст», соли 1899 ба табъ расидааст. Достон аз ҷониби шоири машҳури рус Александр Фет аз забони олмонӣ ба русӣ тарҷума шудааст. Ду қисми ин шоҳкории Гёте дар як ҷилди бузург ҷо дода шудааст.

✅ Китоб бо андозаи азим ва тарҳи нотакрораш аз дигар китобҳои фонд ба кулли фарқ мекунад. Вазни он тақрибан 10 килограмм буда, ҳар як саҳифааш намунаи баланди санъати китобороии охири асри XIX-ро муаррифӣ мекунад.

📚 Шоҳкори безаволи Иоҳан Волфанг фон Гёте - яке аз бузургтарин намояндагони адабиёти классикии Олмон "Фауст" дар шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешавад.
❤2👍2
✍ Муҳаммадюсуф Имомзода, Замирахон Ӯлмасова. "Таърихи адабиёти тоҷик"

📌
Китоби дарсии "Таърихи адабиёти тоҷик" (давраи нав) ба сифати китоби таълимии таърихи адабиёти тоҷик аз охири асри XIX то аввали қарни XXI пешниҳод шуда, барои донишҷӯён, магистрантон, докторантон, унвонҷӯён, омӯзгорони фанни адабиёт ва соири алоқамандони каломи бадеъ тавсия гардидааст.

✅ Дар китоб даврабандии адабиёти муосири тоҷик ва махсусиятҳои он, масъалаҳои равишу тамоюлҳои инкишофи адабиёти нави тоҷик, заминаҳои ташаккули равияҳои маорифпарварӣ, ҷадидӣ, намояндагони онҳо, ҷараёни рӯзгор ва осори шоирону нависандагон, вижагиҳои осори адибони асри XX ва сиву панҷ соли Истиқлоли давлатӣ, намунаҳои арзишманди адабиёти ин давра бо диди нав баррасӣ шудааст.

📚Хоҳишмандон китоби Муҳаммадюсуф Имомзода ва Замирахон Ӯлмасова «Таърихи адабиёти тоҷик» -ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
❤2
✍ Манижа Саидисломзода. “Оворагард”

📌 Романи "Оворагард"-и Манижа Саидисломзода асари хеле ҷолибу хонданбоб аст. Банду баст, шеваи баён, руҷуъҳои равоншинохтӣ ва андешарониҳои мутафаккирона, ки аз камоли истеъдод ва рушди зеҳнии нависандаи ҷавон шаҳодат медиҳанд, ҳама дилчаспу дилнишинанд.

✅ "Оворагард" на танҳо достони як фард, балки инъикоси зиндагии воқей, шинохти арзишҳои инсонӣ ва ҷустуҷўйи маънии зиндагӣ аст. Муаллиф бо ҳассосияти баланд муносибати инсон бо муҳит,ҷомеа ва худи ўро дар зеҳни хонанда ба тарзи хеле таъсирбахш ва фаромўшнопазир наққошӣ мекунад…

📚 Хоҳишмандон романи Манижа Саидисломзода “Оворагард”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
👍2
✍ Муҳаммадуллоҳ Табарӣ: “Драмаи муосири тоҷик”

📌
Китоби нави театршинос ва мунаққиди шинохтаи театр М.Табарӣ ба масъалаҳои муҳимтарини драматургияи миллӣ бахшида шудааст. Муҳаққиқ бо такя ба таърихи пурифтихори драматургияи тоҷик вазъи кунунии онро мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор додааст. Дар очеркҳои ҷилди якуми китоб бурду бохти ин навъи муҳими адабӣ ҳамвора бо равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии охири асри XX ва оғози асри XXI ба риштаи таҳқиқ кашида шудаанд.

✅ Китоби “Драмаи муосири тоҷик” барои муҳаққиқони соҳаҳои адабиёт ва ҳунар, донишҷўёни риштаҳои адабиву ҳунарӣ, журналистон ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.

📚 Хоҳишмандон китоби “Драмаи муосири тоҷик”-и Муҳаммадуллоҳ Табариро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
👍3
✍ “Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар замони муосир”

📌 “Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар замони муосир” - дастури нави библиографиест, ки ба тозагӣ зери назари доктори илмҳои педагогӣ Лутфия Абдухолиқзода дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шудааст.

✅ Дастур бо мақсади нишон додани дӯстии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва боз ҳам таҳкиму тақвият бахшидан дар самтҳои мухталифи сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ба даст овардани сулҳу субот, истиқлолияти ду кишвар ва робитаҳои дӯстию бародарӣ таҳия гардидааст.
👍2❤1
✍ Наргис (Қурбоной Давлатзода). “Забони об”

📌 “Забони об”-и Наргис ба муносибати Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2025 ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шуда, ашъори ахиран сурудаи муаллифро дар бар мегирад.

📚 Хонандагон ҳоло имкон доранд бо китоби нави Наргис “Забони об” дар Китобхонаи миллӣ ошно шаванд.
👍2
✍ Паймон. “Осори баргузида”, Ҷилди 1.

✅ Шоири маъруфи тоҷик, Паймон ба муносибати 70-умин солгарди умр фаъолияти 50-солагии адабии хешро як навъ ҷамъбаст карда, асарҳояшро таҳти унвони “ОСОРИ БАРГУЗИДА” дар панҷ ҷилд мураттаб намудааст.

📌 Ҷилди нахустини ин панҷгона аз шеърҳои тӯли солҳои гуногун навиштаи шоирро дар бар мегирад. Паймон дар ашъори худ ишқи илоҳӣ, меҳри модар, ҳусни ёру табиати мафтункунандаи диёр, муҳаббату садоқат ба олами атроф, бузургони халқу милат ва мавзӯи азаливу абадии банӣ башар ва дӯстиву ростиро тараннум менамояд.

📚 Хоҳишмандон ҷилди аввали “Осори баргузида”-и Паймонро дар Китобхонаи миллӣ метавонанд мутолиа кунанд.
❤4
✍️" Соҳибистиқлолӣ ва ҳифзи фарҳанги миллӣ" М. Ҷӯраев.

📌 Китоб аз маҷмуаи мақолаҳо иборат буда, натиҷаи пажуҳиши ходимони илмии Пажуҳишгоҳро, ки дар партави лоиҳаи «Таҳқиқи вижагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол»
ҷамъоварӣ намудаанд, фарогир аст.

✅Маводи маҷмуаи мазкур таҳаввул ва ташаккули фарҳанги миллӣ ва вазъу ҳолати кунунӣ ва дурнамои муассисаҳои фарҳангии кишвар, аз ҷумла китобхонаҳоро дар бар гирифта, барои кормандони соҳаи фарҳанг, олимону донишмандон, донишҷуён ва умуман доираи васеи хонандагон тавсия гардидааст.

📚 Хонандагон ҳоло имкон доранд бо китоби "Соҳибистиқлолӣ ва ҳифзи фарҳанги миллӣ" дар Китобхонаи миллӣ ошно шаванд.
❤1
✍️ "Эмомалӣ Раҳмон муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон"
✅ Дар китоб таъкид шудааст, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳимтарин ва сарнавиштсозтарин дастоварди таърихи навини миллати тоҷик ба шумор меравад

📌 Маводи маҷмуа барои муҳаққиқон, омӯзгорон, донишҷӯён, магистрантон, докторантон ва доираи васеи хонандагон, ки ба омӯзиши таърихи навини Тоҷикистон ва масъалаҳои давлатсозии миллӣ таваҷҷуҳ доранд, пешбинӣ шудааст.


📚 Хоҳишмандон китоби "Эмомалӣ Раҳмон муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон" дар Китобхонаи миллӣ метавонанд мутолиа кунанд.
👍2
✍️ НАРЗУЛЛО ТИЛЛОЗОДА: “ХОТИРАҲОИ МУФАТТИШ”

✅ Муаллифи китоб нависандаи моҷаронавис – полковники мустаъфии милиса, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нарзулло Тиллозода,аз таҷрибаи зиёда аз сисолааш дар мақомоти тафтишоти Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД)-и ҷумҳурии азизамон босамимияти хос ҳикоят мекунад, ки мутоилаи он аз фойида холӣ нест.

📌 Дар китоби Нарзулло Тиллозода «Хотираҳои муфаттиш
» ҳаёт ва фаъолияти зиёда аз 100 нафар кормандон – афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хусусан мақомоти тафтишотӣ, инчунин дар бораи роҳбарони воломақоми ВКД, Раёсати тафтишотии он, кормандони прокуратура, суд ва дигарон ба қалам дода шудааст.

📚 Хоҳишмандони китоби “ХОТИРАҲОИ МУФАТТИШ” дар Китобхонаи миллӣ метавонанд мутолиа кунанд.
❤3👍1