Предминтруда РТ в РФ
895 subscribers
1.25K photos
58 videos
1 file
268 links
Download Telegram
20 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқот намуданд.

Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ гардид.
Нахуст Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳтарам Владимир Путинро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.
Ҷонибҳо аз сатҳи баланди муколамаи мунтазами сиёсии байнидавлатӣ изҳори қаноат намуданд. Дар бораи таъмини амният ва субот дар минтақа мубодилаи судманди афкор анҷом дода шуд.


20 ноября Президент Республики Таджикистан, Лидер Нации, уважаемый Эмомали Рахмон, встретился с Президентом Российской Федерации, уважаемым Владимиром Путиным.
На встрече обсуждался широкий круг вопросов двустороннего и многостороннего сотрудничества.
В начале встречи, Президент нашей страны тепло поприветствовал Президента России в Таджикистане.
Стороны выразили удовлетворение высоким уровнем регулярного межгосударственного политического диалога.
Состоялся плодотворный обмен мнениями по вопросам обеспечения безопасности и стабильности в регионе.


#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan  #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Русия #Россия #Russia #Путин #Putin

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
👍9
Нимаи дуюми рӯзи 20 ноябр сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.

Зимни мулоқоти сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин доираи васеи масоили ҳамкории гуногунҷанба, аз ҷумла густариш додани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, амниятӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҳамчунин, мавзуъҳои алоҳидаи минтақавию байналмилалӣ, баррасӣ гардид.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путинро гусел намуданд.


Во второй половине дня 20 ноября завершился рабочий визит Президента Российской Федерации в Республику Таджикистан.
В ходе встречи глав двух государств - уважаемых Эмомали Рахмона и Владимира Путина был рассмотрен широкий круг вопросов многопланового сотрудничества, включая расширение торгово-экономических и культурно-гуманитарных связей. Обмен мнениями, также, состоялся по вопросам безопасности и региональной и международной повестки.
В Международном аэропорту Душанбе Президент нашей страны уважаемый Эмомали Рахмон проводил Президента Российской Федерации уважаемого Владимира Путина.


#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan  #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Русия #Россия #Russia #Путин #Putin

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
👍8
Маълумоти муҳим барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон!!!

Намояндагӣ ба иттилои шаҳрвандони Тоҷикистон мерасонад, ки аз 1 январи соли 2027 набудани маълумот дар бораи даромади расмӣ ё нокифоя будани ҳаҷми он метавонад боиси рад намудани додани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент), ё бекор гардидани ҳуҷҷатҳои қаблан додашуда гардад.
Мутобиқи Қонуни федералии Федератсияи Россия аз 26 июли соли 2026, №241-ФЗ «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни федералӣ оид ба вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия», аз 1 январи соли 2027 механизмҳои нави назорати даромади шаҳрвандони хориҷӣ мавриди амал қарор гирифта, дар ҳолати номутобиқатии он чораҳои қонунӣ нисбати шаҳрванди хориҷӣ андешида мешавад.
Мавриди зикр аст, ки тибқи талаботи тағийроти нави қонунгузорӣ татбиқи механизмҳои нави назорат марҳила ба марҳила сурат мегирад:
• Аз 1 октябри соли 2026 мақомоти андози Федератсияи Россия маълумотро дар бораи даромади шаҳрвандони хориҷӣ аз рӯйи ҳисоботи пардохтҳои суғуртавӣ барои давраҳои 3, 6, 9 ва 12 моҳи соли тақвимӣ ба Вазорати корҳои дохилии Россия ирсол менамоянд.
• Аз 25 октябри соли 2026 Фонди нафақа ва суғуртаи иҷтимоии Федератсияи Россия (СФР) ба мақомоти корҳои дохилӣ маълумотро оид ба фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ тавассути низоми электронии байниидоравӣ пешниҳод менамояд.
• Аз 1 январи соли 2027 муқаррароти нав оид ба рад намудани додан, тамдид ва бекор кардани патент ё иҷозатномаи кор бо сабаби набудани маълумоти даромад ё нокифоя будани он эътибор пайдо мекунанд. Ин асосҳо нисбат ба маълумоти давраҳои ҳисоботии аз соли 2027 оғозшаванда татбиқ мегарданд.

Қобили зикр аст, ки асосҳои нави марбут ба набудан ё нокифоя будани маълумоти даромад ҳангоми бори аввал гирифтани патент ё иҷозатномаи кор татбиқ намегарданд. Барои шахсоне, ки танҳо дар назди шаҳрвандони алоҳида ҷиҳати иҷрои корҳои шахсӣ ва хонаводагӣ фаъолият мекунанд, низ муқаррароти махсус пешбинӣ шудааст.
Тағйироти мазкур марҳилаи нави назорати давлатии фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия ба ҳисоб рафта, чунин шароит расмӣ будани муносибатҳои меҳнатӣ, пешниҳоди дурусти ҳисоботи корфармо ва риояи талаботи қонунгузорӣ барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аҳамияти бештар дорад.
👍9👏1💯1
Табрикоти
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз,

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Шуморо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи соҳибихтиёрӣ, соҳибдавлатӣ ва ваҳдату якдилии халқи тоҷик ва ифтихори сокинони мамлакати соҳибистиқлоламон мебошад, самимона табрик ва муборакбод менамояд.
Анъанаи парчамдории халқи мо таърихи фархундаи чандинҳазорсолае дошта, аҷдодони шарафманди мо ҳамчун посдорони фарҳангу тамаддуни куҳан роҳи тӯлонии парчамдориро тай намуда, ба дастовардҳои назаррасу комгориҳои оламгир шарафёб гардида, дар таҳким, ташаккул ва рушди тамаддунофарии ҷаҳон саҳми арзишманд гузоштаанд. Дар ин радиф метавон аз таърихи пурифтихори парчамдории Бохтар, Суғду Хуталон, ва дигар давлатҳои қадимаи тоҷикон, бахусус парчами Коваи Оҳангар ёдовар шуд, ки гувоҳи ҳувияти миллӣ ва сарбаландии гузаштагони халқи сулҳпарвару тамадунофари мо мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки таърихи Парчами миллӣ ва давлатии Тоҷикистон аз замони бостонӣ ба номи Дирафши машҳури Ковиёна, оғоз мегардад, ки дар ибтидо ба ибораи имрӯзӣ “устураӣ”, пасон мардумӣ ва баъдан давлатии подшоҳони қадими ориёӣ табдил гардида, аввалин дирафши аҷдодӣ-миллии тоҷикон Дирафши Ковиён (Ахтари Ковиён) – дирафши бузурги шоҳони асотирии Каёнӣ, таърихи Хаҳоманишӣ, Ашконӣ ва Сосонӣ буд, ки мувофиқи ривоёти ақвоми ориёӣ аз замони Фаридун боз вуҷуд доштааст.
Дар иртибот ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки “ҷашни Рўзи парчам - эҳтиром ба рўҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тўли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд. Яъне ин эҳтиром ба рўҳи равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рўдакиву Фирдавсӣ ва ҳазорон абармардони гузаштаи мост”.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар зери ҳидоят ва сиёсати оқилонаи Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳони тавассути ташаббусҳои байналмилалӣ, иқдомҳои созанда, сиёсати сулҳҷӯёна мавқеи шоиста касб намуда, дар муносибатҳои байналмилалӣ аксари кишварҳои ҷаҳон истиқлолу озодӣ ва Парчаму арзишҳои милли халқи тоҷикро эътироф намудаанд, ки мояи ифтихору сарфарозӣ мебошад.
Дар ин замина, насли ҷавони ватандӯсту худшинос, варзишгарон, кормандони соҳаи илму маориф, олимону муҳаққиқон, кормандони бахшҳои гуногуни фарҳанг ҳамарӯза бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ дар арсаи ҷаҳонӣ бо донишу таҷриба ва корнамоиҳои худ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро боло мебардоранд, ки барои мустаҳкам гардидани мавқеи шоистаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминагузорӣ менамояд.
Бори дигар, ҳамватанони азиз, ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, бароятон бурдборӣ, некномӣ ва руҳияи пурифтихори миллӣ таманно менамоем.


Бо эҳтиром,
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират
👍13🙏1
БА ТАВАҶҶУҲИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!!!

Намояндагӣ ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон - муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки аз 1 январи соли 2027 дар Федератсияи Россия як қатор тағйиру иловаҳо ба қонунгузории муҳоҷират мавриди амал қарор мегиранд, ки ба тартиби будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва аъзои оилаи онҳо, аз ҷумла фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ, дахл доранд, ки риояи талаботҳои он ҳатмӣ мебошад.
Бо мақсади огоҳ намудани шаҳрвандон аз талаботҳои нави қонунгузорӣ, муҳимтарини онҳоро ба таври кутоҳ хотиррасон менамоем:

1. ХАРОҶОТИ ЗИСТИ ХУД ВА АЪЗОИ ОИЛА
Шаҳрванди хориҷие, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ анҷом медиҳад, вазифадор мешавад, ки хароҷоти зиндагии худ ва аъзои оилаи ҳамроҳашро дар Россия дар сатҳи на камтар аз ҳадди ақали таъминоти зиндагӣ (прожиточный минимум) таъмин намояд.

2. МУҲЛАТИ ҚОНУНИИ ҲУЗУРИ ФАРЗАНДОНИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ
Муҳлати будубоши муваққатии фарзандони муҳоҷирони меҳнатие, ки дар асоси патент дар Россия кор мекунанд, ба муҳлати амали патенти падар ё модар тамдид карда мешавад. Ин тартиб то расидани фарзанд ба синни 18-солагӣ амал намуда, ба шарти сари вақт пардохт намудани маблағи пешпардохти андоз (авансовый платёж) татбиқ мегардад.

3. ҲАНГОМИ РАСИДАН БА СИННИ 18-СОЛАГӢ
Пас аз расидан ба синни 18-солагӣ, фарзанди муҳоҷири меҳнатӣ вазифадор аст, ки дар давоми 30 рӯз аз ҳудуди Федератсияи Россия хориҷ шавад ё патент гирифта, маблағи пешпардохти андозро мустақилона пардохт намояд ва фаъолияти меҳнатиро қонунӣ идома диҳад.

4. ДАР ҲОЛАТИ ТАМДИД НАШУДАН Ё БЕКОР КАРДАНИ ПАТЕНТ
Агар муҳлати патент тамдид карда нашавад ё патенти додашуда бекор (аннулирование) гардад, муҳоҷири меҳнатӣ вазифадор аст ҳамроҳи фарзандони худ дар давоми 15 рӯз аз ҳудуди Федератсияи Россия хориҷ шавад.

5. АСОСИ ҲУҚУҚИИ ТАҒЙИРОТ
Талаботи мазкур дар асоси Қонуни федералии № 241-ФЗ пешбинӣ гардида, ба Қонуни федералии «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия» тағйиру иловаҳо ворид менамояд.
Намояндагӣ тавсия медиҳад, ки муҳоҷирон талаботи нави қонунгузориро ба инобат гирифта, муҳлати амали патент, пардохти саривақтии маблағҳои пешпардохти андоз ва вазъи ҳуқуқии будубоши фарзандони худро мунтазам назорат намоянд.
👍12
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Дар Москва бо муҳоҷирони меҳнатӣ вохурии муфид баргузор гардид

Имрӯз дар шаҳри Москва бо гуруҳе аз шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар ширкати сохтмонӣ фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, вохӯрии судманд баргузор гардида, масъалаҳои муҳим ва тағийрот дар самти қонунгузории кишвари иқомат ба онҳо фаҳмонида шуд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими марбут ба риояи қонунгузории кишвари иқомат, қонунигардонии фаъолияти меҳнатӣ, бақайдгирии муҳоҷиратӣ, муҳлати будубош, тартиби гирифтани патент ва пардохти саривақтии маблағҳои муқарраргардида, инчунин талаботи марбут ба бастани шартномаҳои меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, машваратҳои ҳуқуқии ройгон дода шуд.

Инчунин дар бобати пешгирии онҳо аз гуруҳҳои ифротгароӣ, террористӣ – экстремистӣ, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои тундгароии диннӣ, бемориҳои сироятию хавфнок ва истифодаи оқилонаи вақт тавсияҳои муфид дода шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ масъулини Намояндагӣ ба саволҳои пешниҳоднамудаи шаҳрвандон посухҳои мушаххас гардониданд.
👍13
ДАР МОСКВА МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО «ДӮСТИИ ХАЛҚҲО » БАРГУЗОР МЕГАРДАД

29 ноябри соли 2026 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо ташаббуси бошгоҳи варзишии «New Fitness»-и Расул Боқиев мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо миёни калонсолон таҳти унвони «Дӯстии халқҳо – 6» баргузор мегардад.
Ҳадафи асосии баргузории мусобиқа тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқҳо, дарёфти варзишгарони болаёқат ва баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо мебошад.
Тибқи нақшаи ташкилкунандагон, дар мусобиқа иштироки 150 нафар варзишгар дар ҳафт вазн – 60, 66, 73, 81, 90, 100 ва зиёда аз 100 килограмм пешбинӣ гардидааст.
Баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ дар таҳкими робитаҳои дӯстона миёни намояндагони миллатҳои гуногун, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтироми ҳамдигар ва ҷалби онҳо ба варзиш нақши муҳим дорад.
Аз ҳамватанони бурунмарзӣ, дӯстдорони варзиш ва мухлисони гӯштини ҷудо даъват ба амал оварда мешавад, ки дар чорабинии мазкур иштирок намоянд.
Макони баргузорӣ: шаҳри Москва, кӯчаи Байкалская, 35А, бошгоҳи варзишии «New Fitness».
Телефон барои маълумоти иловагӣ: +7 (993) 923-12-44.
👍4💯1
Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан доводит до сведения трудовых мигрантов, что имеется заявка работодателя на выполнение работ по откосам дверей и окон.

🔹 Место работы: Санкт-Петербург, Ломоносовский район
🔹 Объекты: новые строящиеся многоэтажные дома
🔹 Объём: 12 000 погонных метров
🔹 Оплата: 400 ₽ за погонный метр
🔹 Работа рассчитана на длительный период

Условия сотрудничества и порядок выплат обсуждаются напрямую с работодателем. Представительство не является стороной трудовых отношений.

📞 Контакты работодателя: +7 915 008-38-28
👍2